Тв Илм Ва Табиат

ТВ Илм ва табиат — шабакаи телевизионии Тоҷикистон, ки бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мамлакат 14 апрели соли 2021 Муассисаи давлатии телевизиони Тоҷикистон — ТВ «Илм ва табиат» ба фаъолият оғоз намуд..

Илм ва табиат
Муассисаи давлатии «Илм ва табиат»
Логотип ТВ Илм ва Табиат
Мамлакат Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ ва англисӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе Тоҷикистон
Оғоз 14 апрели соли 2021
Бинандагон тақрибан 8 миллион
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон
Роҳбарон Зинатуллоҳ Исмоилзода
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон ТВ Сафина
Парчами Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Синамо
Парчами Тоҷикистон ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Сайт ivt.tj

Таъсис

Таъсиси телевизиони мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020 тибқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021—2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида буд..

Тамоми барномаҳо ва филмҳое, ки дар ин шабакаи ТВ Илм ва табиат нашр мешаванд, ҳама ба забони тоҷикӣ буда, дастовардҳои олимони тоҷик, ҳамзамон табиату манзараҳои нотакрори мамлакатро инъикос менамоянд. Аз ҷумла, «Арса» дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ, «Арши илм» дар бораи нобиғаи илм, «Сайри кайҳон» дар мавриди кайҳон ва нуҷум, «Чор унсур», «Дар оғӯши табиат», «Парвезан», «Сайёраи умед», «Мададгор», «Теғи Сино» ва «Дар дили санг» барномаҳое ҳастанд, ки таҳия ва дар ин шабака нашр мешаванд..

Минбаъд ҳамаи чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ», «Илм чароғи маърифат» ва дигар олимпиадаҳо тариқи ин телевизион пахш карда мешавад..

Барномаҳо

  • «Арса» — дар мавриди навгониҳои илмии ҷаҳонӣ,
  • «90 сония»,
  • «Теғи Сино»,
  • «Дар оғӯши табиат»,
  • «Парвезан»,
  • «Арши илм» — дар бораи нобиғаи илм,
  • «Мададгор»,
  • «Умри дубора»,
  • «Тавсия»,
  • «Дар дили санг»,
  • «Нобига»
  • «Чор унсур»,
  • «Чаманистон»,
  • «Сайёраи умед»,
  • «Сайри кайҳон» — дар мавриди кайҳон ва нуҷум,
  • «Саводи молиявӣ»,
  • «Омӯзиши фанҳои дақиқ»

Дар айни замон шабака 18 соати нашр дошта, қарор аст давоми сол ба 24 соат расонида шавад..

Эзоҳ

Tags:

14 апрелСоли 2021

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ЗоғАдабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣТиҷорати интернетӣОриёӣДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣШушПрокуратураи генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲормонЗабони русӣНавзодПасояндҳои аслӣСурхчаСохти таркибии пешояндҳоДушанбеҲофизМанғитияИлмШеърҚоқуИбораҳои феълӣҚудратуллоҳ ЯҳёевҶанги ҷаҳонии якумЮнонҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)ПуркунандаИсм (дастури забон)АфриқоЛолаҶанги Бузурги ВатанӣЧашмШамсиддини ШоҳинМукофотҳои давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонНосири ХусравБемориҳои ирсӣХунКандакорӣҲиссача (дастури забон)Аҳолии ЭронРагҳои хунВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонТрансформаторОҳанРӯзи забони давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонЭнергетикаи ТоҷикистонРусияДарахтҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандГули хайрӣКамхунӣБемориҳои дилКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонIMEI.TJМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонВаксинаЧилахон ХоловДавлати СаффориёнҶигарАломатҳои роҳОсиёПуфакНерӯгоҳи барқи обии РоғунСоҳиб ТабаровФарҷ (узв)Меъёри ҳуқуқКонвенсияи ҳуқуқи кудакДар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)Ҷонишинҳои манфӣҲизби коммунистии ТоҷикистонГулНизоми бонкии ТоҷикистонБританияи Кабир (мазмунҳо)РоманҶонишинҳои нафсӣПарандаҚонунДастгоҳи давлатӣ🡆 More