рӯйдодҳои Кунунӣ

Сархати хабарҳо (ДиданБаҳсВироишПешниҳоди иловаи рӯйдод)
    Мавзуъоти муҳим
    Маошу нафақа ва стипендия дар соли 2023 аз 20 то 25 дарсад боло мераванд
    Унвони қаҳрамони ҷаҳонро тими Аргентина ба даст овард
    Суруд ва сарояндаҳои беҳтарини сол - Tarona Music Award-2022

декабри соли 2022

Эзоҳ


Викиахбор рӯйдодҳои Кунунӣ | Маргҳои охир рӯйдодҳои Кунунӣ | Лоиҳа рӯйдодҳои Кунунӣ
Ба дӯстонатон расонед, ки ҳоло чиҳо дар маркази диққати ҷаҳониён ҳастанд:
Вконтакте • LiveJournal • Twitter • Facebook
Рӯйдодҳои охирин (ДиданБаҳсТаърихВироиш)
Ҳама хоҳишмандон метавонанд илова кунанд! Ахборро мутолиа кунед ва рӯйдодҳои муҳимро бо зикри манбаъ илова намоед.

Ҳамчунин нигаред: Лавҳаи ахбор

Соли 2022

ноябри соли 2022

октябри соли 2022

сентябри соли 2022

  • 11 сентябри соли 2022 Подшоҳи Бритониё Карли III ки рӯзи шанбе, 10 сентябр пас аз даргузашти модараш Елизаветаи II Подшоҳи Британия шуд, рӯзи якшанбе, 11 сентябр расман сарвари нави давлатҳои Австралия, Канада ва Зеландияи Нав шуд.
  • 9 сентябри соли 2022 Маликаи Британияи Кабир Елизаветаи II дар синни 97 аз олам даргузашт. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар Қасри Букингем хабар доданд. «Малика нисфирӯзии имрӯз дар қалъаи Балморал даргузашт».Малика Елизаветаи II дар маҷмааи ёдгорӣ — калисои падараш шоҳ Георги VI ба хок супурда мешавад. Маҷмаа дар майдони қалъаи Виндзор ҷойгир аст.
  • 8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе Маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
  • 2 сентябри соли 2022 Аз оғози соли 2022 дар минтақаҳои озоди иқтисодии /МОИ/ Тоҷикистон ба маблағи 243 миллион сомонӣ (қариб 24 миллион доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар моҳҳои январ ва июли соли равон аз панҷ Минтақаи озоди иқтисодии кишвар дар ду Минтақаи озоди иқтисодӣ –/МОИ/ «Суғд» ва /МОИ/ «Данғара» маҳсулот истеҳсол гардида, тамоми маблағҳо аз ҳисоби фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Данғара» ба даст омадаанд.

августи соли 2022

июли соли 2022

  • 30 июли соли 2022 Дар Тоҷикистон 288 субъекти хидматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 марказҳои муолиҷавӣ ва дармонгоҳҳои солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва кемпинг, инчунин 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият доранд.
  • 7 июли соли 2022 Reuters бо истинод ба мақомоти Иттиҳодияи Аврупо хабар медиҳад, ки Бонки сармоягузории Аврупо (EIB) қасд дорад бузургтарин сармоягузор дар нерӯгоҳи Роғун шавад.
  • 7 июли соли 2022 19 ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ИСЕСКО ворид гардид. Ин ёдгориҳо зимни ҷаласаи 10-уми Кумитаи ёдгориҳои ҷаҳони Ислом, ки 4 - 7 июли соли 2022 дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид, тасдиқ шудаанд. Аз 19 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, 2 адади он ба Феҳристи асосии мероси фарҳангии ҷаҳони Ислом шомил гардида, 17 адади дигараш бошад, ба Феҳристи пешакӣ ворид шуданд.

июни соли 2022

  • 21 июни соли 2022 Қатораи Душанбе-Тошканд ба роҳ баромад. Масофаи роҳ 916 километрро ташкил дода, қатора муддати 21 соат дар роҳ хоҳад буд.Қобили зикр аст, ки ҳаракати қатораҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта қатъ шуда буд..
  • 6 июни соли 2022 Мерган Шаҳбозов, риёзидон ва академики тоҷик барандаи ҷоизаи "Ситораҳои Иттиҳод"-и созмони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил шуд. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ин созмон хабар медиҳад..
  • 3 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак миёни Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.Мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд..

майи соли 2022

  • 30 майи соли 2022 Баъди анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 16 санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид..
  • 27 майи соли 2022 Дар аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ, ки аз 21 то 25 майи соли 2022 дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён гирифт, се нафар ҳунармандони тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд..
  • 17 майи соли 2022 Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронӣ – "Абобил 2" боз шуд.Бурди амалётии ин паҳпод 100 километр буда ва давомнокии парвози "Абобил 2" аз 75 то 120 дақиқаро дар бар мегирад. Ҳамчунин ин паҳпод метавонад то баландии 11000 ҳазор поӣ (3352.8 метр) ва бо суръати 250 километр дар соат парвоз кунад..
  • 16 майи соли 2022 Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 16 майи соли 2022 дар ш. Москва иштирок ва суханронӣ карданд. Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуд. Ин нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) бахшида шуд..

апрели соли 2022

  • 28 апрели соли 2022 Дар ноҳияи Данғара Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил»-ро мавриди истифода қарор доданд. Марҳилаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 7600 тонна риштаи баландсифат моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуда буд..
  • 23 апрели соли 2022 Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором. Дар суханронии Президенти Тоҷикистон мавриди зикр аст, ки «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор” “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли 2022 дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хидмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.».
  • 18 апрели соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи ширкати чинии «ТВЕА» Чжан Син бо пахши тугмаи рамзӣ ба тариқи онлайн ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тило ва нуқраи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "ТВЕА Душанбе Майнинг” дар мавзеи Кумарғи Болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд. Дар ин корхона истеҳсоли 4 тонна тило ва 1 тонна нуқра дар як сол дар назар аст. Консентрати маъдан аз конҳои “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” истихроҷ карда мешавад. Захираи умумии кони “Кумарғи Боло” 51 тонна ва “Дуобаи Шарқӣ” 23,7 тонна, дар умум 74,7 тонна тило мебошад. Тибқи нақша, кони “Дуобаи Шарқӣ” моҳи июни соли 2023 ба истифода дода мешавад..
  • 17 апрели соли 2022 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ «Базеб»-ро ба истифода доданд.
  • 14 апрели соли 2022 Cафари президент ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи корхонаи “ТАЛКО Голд” дар ноҳияи Айнӣ оғоз шуд. Дар ин корхона ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тило 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад .
  • 13 апрели соли 2022 Пас аз як рӯзи тирпаронӣ ва музокирони чандсоата дар марз фармондеҳони неруҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бегоҳии 13 апрели соли 2022 зери се протокол имзо гузоштанд..

марти соли 2022

феврали соли 2022

  • 24 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврали соли 2022 фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.Тибқи гузоришҳо, пас аз содир шудани фармони Путин, чандин садои таркиш дар Киев, Одесса, Харков, Днепр ва дигар шаҳрҳои пойтахти Украина шунида шудааст ва нерӯҳо аз чанд мавқеъ дар Русия ва Белорус вориди қаламрави Украина шуданд. "Мавҷи Олмон" дар як матлаб ин ҳамлаи Русияро ба Укроин ғасибона унвон карда, навиштааст, ки "президенти Русия 24 февраля ҷанг алайҳи Укроинро эълон кард, вале онро "амалиёни вижаи низомӣ дар Донбасс" номид"..
  • 22 феврали соли 2022 Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, истиқлоли ду минтақаи ҷудоиталаби Укроин - Луҳанск ва Донетскро эътироф кард. Путин ба вазорати дифои кишвараш дастур дод, ки дар ин ду минтақа бо ворид кардани неруҳои мусаллаҳи Русия "сулҳро таъмин" кунад. Луҳанск ва Донетск ду минтақаи таҳти назорати ҷудоихоҳони зери ҳимояти Маскав мебошанд. Ин амалкарди Путин норизоятии шадиди Киев ва дареғогӯйиҳои сарони НАТО ва кишварҳои дигари Ғарбро ба бор овард..
  • 11 феврали соли 2022 Дар соли сипаригардида (2021) ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 340 миллион долларро сармояи мустақим ва 370 миллион долларро дигар намуди сармояҳо ташкил медиҳад..
  • 8 феврали соли 2022 Соли 2022 дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба фаъолият шурӯъ мекунад..
  • 4 феврали соли 2022 Соли 2022 барои баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ - «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 7 млн 930 ҳазор сомонӣ (ҳудуди $700 ҳазор) сарф мешавад. Дар ин бора амрҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 феврал ба имзо расид..

январи соли 2022

  • 31 январи соли 2022 Соли 2021 истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 млрд 624,6 млн. кВт-соатро ташкил дод, ки ин меъёр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 853,8 млн кВт-соат зиёд буда, суръати афзоиш 104,3 фисад таъмин карда шуд.Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ба хабарнигорон иттилоъ дод..
  • 29 январи соли 2022 Натиҷаи гуфтушунид:Раиси КДАМ Тоҷикистон С. Ятимов ва К.Тошиев (Қирғизистон) тавофуқ карданд протоколи 1 майи 2021-ро пурра иҷро шавад .
  • 28 январи соли 2022 Шумори кушташудаҳои ҷониби Тоҷикистон дар даргириҳои марзии шоми 27 январ бо Қирғизистон ба ду нафар расид."Ҷонибҳо баъди баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба чунин мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00 дақиқаи таърихи 28 январи соли 2022 тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошташон баргардонида шаванд",-хабар медиҳад Неруҳои марзбонӣ.
  • 21 январи соли 2022 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода "Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021" таъкид дошт, ки дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор иншооти гуногуни таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 9,2 фоизро ташкил намуд..
  • 10 январи соли 2022 Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, изҳор дошт, ки Қазоқистон сахттарин бӯҳронро дар тамоми таърихи истиқлоли худ пушти сар гузошт..

Соли 2021

декабри соли 2021

  • 24 декабри соли 2021 Дар 30 соли ҳамкорӣ Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллари америкоӣ кумак намудааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад..
  • 21 декабри соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуда, дастур дод, ки беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад..
  • 21 декабри соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард..
  • 16 декабри соли 2021 ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи «Фалак» -и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд..
  • 13 декабри соли 2021 Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тило шуд..
  • 8 декабри соли 2021 Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Таносуби қарзи хориҷӣ ба МДД 38,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди иҷозашуда - 40%. Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд..

ноябри соли 2021

  • 30 ноябри соли 2021 Лионел Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) барои ҳафтумин бор баранди ҷоизаи Тӯби тилоӣ шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷаллаи "Франс Футбол"-и Фаронса барои беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад..
  • 29 ноябри соли 2021 Ҳукумати ВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯянд миёни намояндагони эътирозагрон ва тими гуфтушуниди ҳукумати вилоят тавофуқоте ба даст омадааст.
  • 18 ноябри соли 2021 Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт .
  • 15 ноябри соли 2021 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти озуқавориро чоп кард, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти дохилии худро бо онҳо пурра қонеъ гардонда метавонад. Ҳиссаи орду гандум дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон 6%-ро ташкил додааст. Тӯли 9 моҳи соли 2021 дар дохили кишвар 854 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки 0,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад..

октябри соли 2021

  • 29 октябри соли 2021 Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд. Аҳмад Масъуд дар шимоли Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод, ки эътилофи шӯришии қавмии зидди «Толибон» аст .
  • 23 октябри соли 2021 "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард..
  • 15 октябри соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрванадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт. Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст..
  • 12 октябри соли 2021 Дар Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст...
  • 5 октябри соли 2021 Шумори қурбониёни коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расида, дар ҳамин ҳол, нисфи онҳо дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд, хабар медиҳад Reuters..

сентябри соли 2021

  • 17 сентябри соли 2021 Дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон ба кор оғоз намуд. .
  • 15 сентябри соли 2021 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид..
  • 13 сентябри соли 2021 Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад..
  • 13 сентябри соли 2021 Ба ҳолати ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
  • 10 сентябри соли 2021Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии пуршукӯҳи осоишта доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар кормандони вазорату идораҳо, афроди касбу кори гуногун, омӯзгрону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва сокинони пойтахт иштирок карданд.Суратгузориши ҷолибу диданӣ аз ин чорабинӣ..
  • 7 сентябри соли 2021 Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъйин шудааст..

августи соли 2021

.

  • 25 августи соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти имрӯзаш бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мавқеи Тоҷикистонро дар қиболи ҳаводиси Афғонистон ва тассаруфи ин кишвар аз сӯйи гурӯҳи "Толибон" равшан кард. Мавқеи Тоҷикистон дар баробари "Толибон": Ҳукумати фарогир бо иштироки тоҷикон ташкил шавад.

.

июли соли 2021

июни соли 2021

майи соли 2021

  • 30 майи соли 2021 Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид
  • 28 майи соли 2021 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон (аз 1 сентябри соли 2021), ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъйин ва пардохт мегардад.
  • 20 майи соли 2021 Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.

апрели соли 2021

Марти соли 2021

феврали соли 2021

  • 27 феврали соли 2021 Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид
  • 27 феврали соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 113 991 689 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 2 529 421 нафар фавтиданд, 89 544 725 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 917 543 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони — ИМА (29 136 912 нафар), Ҳиндустон (11 079 979 нафар), Бразилия (10 457 794 нафар), Русия (4 223 186 нафар), Бритониёи Кабир (4 163 085 нафар), Фаронса (3 712 020 нафар), Испания (3 188 553 нафар), Италия, Туркия, Олмон, Колумбия, Аргентина, Мексика, Лаҳистон, Эрон, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Перу, Индонезия, Чехия, Нидерландия дохил шудаанд.
  • 26 феврали соли 2021 Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимори Шарқӣ ва Иттиҳоди Комор ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинг зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.
  • 26 феврали соли 2021 Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.
  • 19 феврали соли 2021 Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озодии иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то январи соли 2021, ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номанвис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 себъект дар МОИ-и навтаъсиси “Кулоб”.
  • 15 феврали соли 2021 Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.
  • 4 феврали соли 2021 Дар Тоҷикистон шумораи гӯсфандони кӯҳӣ (архар ё «Марко Поло») ба беш аз 26 ҳазору 480 сар расидааст. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, саршумораи бузҳои пармашох беш аз 2,7 ҳазор сар, гавазни бухороӣ — аз 500 то 520 сар, бабрҳои барфӣ то 300-350 сар ва хирсҳои бӯр — то 800 сар зиёд шудааст.

январи соли 2021

Нигаред низ

Эзоҳ

Мавзуъот

Илм ва фановарӣ
Варзиш • Мусиқӣ • Синамо

23:26 UTC  |  16 Апрели соли 2024
Апрел
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шн Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Викиахбори русӣ
Викиахбори русӣ

Ба наздикӣ даргузаштаҳо

Subscript text
  • Ислом Каримов (78)
  • Курицын, Александр Николаевич (64)Шаблон:Нет значимости
  • Полито, Джон (65)
  • Гылыбов, Никола
  • Джонс, Кейси (66)
  • Андрияненко, Вера Ивановна (70)
  • Вертхайм, Мози (86)
  • Вульфсон, Борис Львович (96)
  • Лал Закир, Кашмири (97)
  • Хубад, Само (99)
  • Смирнов, Сергей Иванович (92)


  • Лоиҳаи «Рӯйдодҳои кунунӣ»
  • Запросы на перевод статей
  • Запросы на создание статей

Муҳтавои Википедиа

Рӯйхатҳо
Мурурҳо · Мавзӯот (асосӣ) · Порталҳо · Гурӯҳҳо
Мамлакатҳо · Одамон · Рӯйдодҳои кунунӣ · Дар ҳамин сол фавтидагон

Индексҳо
Таснифоти даҳии универсалӣ · Феҳристи сареъ

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳуқуқи оилавӣКимиёи саодатХилофати АббосиёнХурмо ШириноваСадриддин НаҷмиддинҚӯштеппа (наҳр)Муодилаи квадратӣЧеҳраҳои мондагор (китоб)Ноҳияи РӯдакӣНидоБаландӣДавлати СаффориёнВоҳидҳои забонСиғаҳои феълРӯзномаи «Оила»Харгӯши колифорниёӣШириншо ШотемурҲизби демократи ТоҷикистонВилояти МаскавНоҳияи ПанҷТақсимоти маъмурии ТоҷикистонМуайянкунандаЧилахон ХоловЗарфи замонДориюши IIIПойтахтMediaWikiНерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1СтрессИбораҳои сифатӣЗабони арабӣАбулқосим ЛоҳутӣЭнергетикаи ТоҷикистонГулАфросиёб (шаҳр)ТезгӯякБуҷети давлатӣРавшанфикрМулло НуровЗарбулмасалЭмомалӣ НасриддинзодаҲуқуқи байналмилалии савдоХаритаҲизби халқии демократии ТоҷикистонДмитрий МенделеевАбдусалом ДеҳотӣТовусФароштурукМастона ЭргашеваКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИсломҲуқуқу озодиҳои шахсӣАфродитаЗанбӯрВожаҷӯОинномаПучакАндоз аз арзиши иловашудаҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ХоразмАзизи АзизНишони ТоҷикистонҒуриёнИттиҳоди ШӯравӣУгандаРӯзи кайҳоннавардонКитоби сурхҶашни СадаБемориҳои асабКаллаи гӯсолаБандакҳои хабарӣЗардуштОсорхонаи таърихии вилояти СуғдКонфутсийНамози ҷамоат🡆 More