Папирус

Папи́рус (юн.-қад.

πάπῡρος, лот. papyrus), ё би́блиос (юн.-қад. βιβλίος) — як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ мавод тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ папирус гӯянд.

Таърих

Папирус чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри Миёназамин низ паҳн гашт. Барои тайёр намудани материали хатнависӣ шохаҳои папирусро тунук-тунук бурида, паҳлӯи ҳам ду қабат чида, ҳар ду қабатро сахт фишурда ба ҳам мечаспонданд ва мехушконданд. Чанд тахтаи онро нӯг ба нӯг часпонида, лӯла месохтанд. Ҳарчанд ки дар Миср дар садаи VIII коғаз бештар истифода мешуд, ин ҷо папирусро дар садаи IX мелод ҳам ба кор мебурданд.

Матнҳои папирусро папирусшиносон, мисршиносон, сомишиносон ва дигар меомӯзанд. Папирус муҳимтарин манбаест дар омӯзиши ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсии Мисри Қадим ва олами атиқа. Аз Миср ба ғайр аз папируси Мисри Қадим ва қибтӣ матнҳои юнонию сомия асрҳои 6—5 то мелод низ ёфт шудаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Коростовцев М. А., Введе­ние в египетскую филологию, М.. 1963.

Сарчашма

Tags:

Папирус ТаърихПапирус ЭзоҳПапирус АдабиётПапирус СарчашмаПапирусГиёҳЗабони лотинӣЗабони юнони қадим

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонКарбогидратҳоПуфакҲисорҚоидаи ҳаракати роҳБарги зулфКонститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҳириёнПойтахтАҳолии ЗаминЗабонҳои ҷаҳонДавлати СомониёнНишони ТоҷикистонТаъсиси созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣИбораҳои феълӣДастгоҳи давлатӣСиёсати хориҷии ТоҷикистонДилИспурчЗанбӯри асалФарзонаи ХуршедБемориҳои ҷигарКонодоОморПрокуратураи генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонЮнонКамхунӣХаритаОрҳан БийиклӣШушҲуҷайраҶалолуддини БалхӣОбҳои ТоҷикистонҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонВазири адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонБуддоияШарқи НаздикМактаби олии Кумитаи давлатии амнияти милии ТоҷикистонАстағфируллоҳМантиқИбораҳои ҷонишинӣАлюминийХамсаи НизомӣНигора ХоловаҲамлаи Эрон ба Исроил (2024)ГургВилоятҳои ТоҷикистонТуҳфаи дӯстонФоробӣЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикҶигарИнқилоби ОктябрДавлати СалҷуқиёнДақиқӣВирусҳоҲахоманишиёнҲуқуқи молиявӣМор­фология (мазмунҳо)ИстихораСосониёнШутурИскандари МақдунӣНосири ХусравҲикояҳои хурд-хурдАбдурраҳмони ҶомӣПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Достони бозича 2ҲайзБандакҳои хабарӣКамолуддин БиноӣРутбаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонБарномаи таълимӣМасоҳатАрастуТаърихЗабони арабӣҚитъа🡆 More