Интернет Дар Тоҷикистон

Интернети Тоҷикистон ё Интернет дар Тоҷикистон, баъзан Тоҷне́т — бахши Интернет дар қаламрави Тоҷикистон.

майи соли 2000 дар ш. Душанбе истифодаи шабакаи Интернет оғоз гардид.

Таърих

Ба унвони як навъи иртибот, технологияи интернетӣ дар Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта — замоне, ки созмони байналмилалии CADA дар Душанбе ва як қатор шаҳрҳои калони Тоҷикистон почтаҳои электронӣ роҳандозӣ кард, пайдо шуд. Дар моҳи декабри соли 1999 аввалин дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет тавассути ширкати «Телеком Техноложӣ» ироа шуд.

Рушди фаъолтари интернет дар Тоҷикистон, тавассути ширкати Вавилон-Т, ироа шуд. Дар Тоҷикистон интернет барои муддати тӯлонӣ хадамоти нухбагон монд ва танҳо ба бахши маҳдуде аз мардум ва ширкатҳои бузург дастрас буд. Ва ин ҳам ба ду далел — яке қимати болои хидматгузориҳо ва дигар адами тавоноии ширкатҳои ироадиҳандаи интернет дар барқарор кардани иртибот бо минтақаҳои дурафтодаи кишвар.

Инқилоби интернетӣ дар Тоҷикистон соли 2005, замоне ки барои аввалин бор дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо иртиботи мобилӣ бо стандарти 3G (UMTS, CDMA 2000) муаррифӣ ва бомуваффақият озмоиш шуд, рух дод. Аввалин хадамоти «аҷиб ва ғариб», ин тамосҳои видеоӣ буд.

Хизматрасонӣ ва истифодабарандагони Интернет

Бино бар иттилои Internet Live Stats соли 2016 Тоҷикистон аз ҷиҳати шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар мақоми 114-ум қарор дошт ва дар қаламрави Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет ба 1,6 миллион нафар расида ин адад 18,7 % аз шумораи умумии аҳолиии кишварро ташкил медиҳад. Дар муқоиса бо соли 2015 шумораи корбарони интернет 4,3 % афзудааст.

Солҳои охир, дар Тоҷикистон ширкатҳои гуногун — ҶСП «Индиго Тоҷикистон» («Tcell»), ҶСП «ТТ-Мобайл» («МегаФон Тоҷикистон»), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» («ZetMobile», собиқ Beeline»), «Таджиктелеком», «Телеком-технолоджи», хидматрасониро дар бозори алоқаи мобилии телефонӣ ба сомон расонида истодаанд. Тибқи маълумоти соли 2017 дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ дар Тоҷикистон 2,3 млн нафарро ташкил медиҳад.

Соли 2019 бино ба маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest оид ба суръати интернети мобилӣ — Тоҷикистон ҷойи 132-умро аз байни 141 кишвари дунё, аз рӯи суръати интернети хонаводагӣ - 108-умро аз 176 кишвар ишғол кардааст. Суръати алоқаи пайвастшавии фарохмаҷро дар кишвар ба ҳисоби миёна 21,1 Мбит/с ва суръати Интернети мобилӣ ҳатто камтар - 10,8 Мбит/с буд..

Тибқи маълумоти соли 2020 вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ 93,4% -ро ташкил дод. Теъдоди корбарони Интернет аввали соли 2021 беш аз 3,3 млн ва муштариёни мобилӣ беш аз 6 млн нафарро ташкил намуд..

Бино ба далели маълумотҳои раддабандии глобалии Speedtest, моҳи январи соли 2021 Тоҷикистон байни 140 кишвари дунё ҷои 129-умро гирифтааст ва дар натиҷа дар як моҳ панҷ зина поён рафтааст. Суръати боркунии маълумот дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 — 13,8 Мб/сонияро ташкил дод..

Аз нигоҳи суръати интернети симӣ низ, тибқи ҳисобҳои моҳи январи соли 2021, Тоҷикистон низ мавқеъро аз даст дод ва дар байни 175 кишвар дар ҷои 99-ум қарор гирифт..

Нигаред низ

Эзоҳ


Tags:

Интернет Дар Тоҷикистон ТаърихИнтернет Дар Тоҷикистон Хизматрасонӣ ва истифодабарандагони ИнтернетИнтернет Дар Тоҷикистон Нигаред низИнтернет Дар Тоҷикистон ЭзоҳИнтернет Дар Тоҷикистон18 майДушанбеИнтернетСоли 2000ТоҷикистонТоҷнет

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бунёди ВикимедияСаҳифаи аслӣНомҳои Худо дар исломЭнергетикаи ТоҷикистонСӯхторMicrosoft WordҶанги ҷаҳонии якумВебгоҳШартномаи меҳнатӣДавлати ҲайтолиёнЗабонҳои ҷаҳонВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонВазифаи ҳифзи табиатҒунчаҳои захмӣМуҳиддин АминзодаАлифбои тоҷикӣҲикояҳои хурд-хурдАҳмад ЗоҳирАфғонистонАлишер НавоӣВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонТемурмаликБадахшонВола, АбдулҳақТӯби футболЗарфи сабабСармояБемориҳои сироятӣДарёҳои ТоҷикистонНамози қасрИмпериализмПуркунандаҲунарБофтаТаърихи ТоҷикистонТемурАрзиш (илми иқтисод)АспХат (навиштор)Андоз аз арзиши иловашудаХати лотинӣКӯлҳои ТоҷикистонБарги зулфПиряхҳои ТоҷикистонАбуҳанифа Нуъмон ибни СобитРӯзи модарИнсоншиносӣРомансЛонаЧеҳраҳои мондагор (китоб)СагВазорати кишоварзии Ҷумҳурии ТоҷикистонИбни СиноАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонНоҳияи Кӯҳистони МасчоНеъмат ҚаробоевПиряхи ВанҷяхРӯзи ҷаҳонии коргарАлҷазоирЭволютсияАрманистонАндоз аз даромади шахсони воқеӣҲуқуқ ба манзилНақби ИстиқлолФутболБлез ПаскалИродаЗарфи замонИбораҳои ҷонишинӣВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонҚалъаи ХуҷандИбораҳои феълӣФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонИбора (дастури забон)Бемории қанд🡆 More