Илон Маск

И́лон Рив Маск (англ. Elon Reeve Musk /ˈiːlɒn ˈmʌsk/; тав.

28 июни соли 1971, Претория, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ) — соҳибкор, ихтироъкор, муҳандис ва сарватмандтарин шахси олам.

Илон Маск
англ. Elon Musk
Илон Маск
Таърихи таваллуд 28 июн 1971(1971-06-28)[…] (52 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ tech entrepreneurship[d] ва ширкати тиҷорӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Илон Маск Парвандаҳо дар Викианбор

Асосгузор, ҳаммолик, директори генералӣ ва муҳандиси асосии ширкати кайҳоннавардии SpaceX; директори генералӣ ва рӯҳбаландгардони асосии идеявии (Chief Product Architect) ширкати Tesla; ҳамчунон аъзои шӯрои директорони ширкати SolarCity, ки аз тарафи бародаронаш таъсис шуда буд (то ҳамроҳшавиаш бо Тесла), буд.

Барои хидмати барҷастааш дар соҳаи илм, 9 майи соли 2018, ба ӯ узвияти Ҷамъияти Шоҳигарии Лондон сарфароз гардид.

Субҳи 7 январи 2020 Илон Маск шахси сарватмандтарини сайёра гашта, ҷоии асосгузори Amazon Ҷефф Безосро гирифт, ва ӯро ба ҷойи 2-юм бурд. Дорои Маск $185 миллиард баҳогузорӣ мешавад. (тибқи 07.01.2020)

5%-а афзоиши саҳмияҳои Tesla, ки аз пайи шомилшавии ширкат ба рӯйхати S&P 500 рост меояд, дороии Маскро ба $185 млрд афзоиш дод. Дар рейтинги баҳодиҳии дороиҳои миллиардерон дар намуди пахши мустақими Bloomberg Маск Безосро бо фарқияти $10 млрд бо дороии умумии $195 млрд пеш мекунад, дар рӯйхати Forbes бошад — ба $0,6 млрд бо дороии умумии $185 млрд.

Зиндагинома

Солҳои аввал

28 июни 1971 дар Претория (Африқои Ҷанубӣ) оилаи муҳандис Эррол Маск ва ҳамсараш, модел Мэй Маск (ҳанг. тав. Ҳалдеман) таваллуд шуд. Волидон ба ӯ номи бобокалонаш Ҷон Илон Ҳалдеманро додаанд, ки соли 1872 таваллуд шудааст . Халдеманҳо — аҷдодонаш аз тарафи модараш - немисҳои швейтсариягӣ мебошанд. Онҳо аз Аврупо ба Ню-Йорк ҳангоми Ҷанг барои истиқлоли ИМА ҳиҷрат бастанд, баъдан дар натиҷа ба минтақаи Ғарби Миёна сафар кардаанд. Соли 1948 бобои Маск Ҷошуа Норман Халдеман бо конодоие, муаллимаи рақс Уиннифред Ҷозефин Флетчер (Уин) издивоҷ кард. Дар ҳамон сол онҳо соҳиби ду духтари дугоник Кэй ва Мэй (модари Маск) шуданд. Бобои Маск сарнишин буд, ва дар ҳавопаймои якмуҳаррикаи худ бо оилааш дар Амрикои Шимолӣ сафар мекард. Дар соли 1950 оилаашон аз Канада ба Африқои Ҷанубӣ мекӯчанд, ки дар онҷо Мэй дар 15-солагиаш ба мактаби муделӣ дохил мешавад ва аксгириро барои маҷаллаҳо оғоз мекунад. Ӯ ҳатто соҳиби ҷоизаи «Бонуи Африқои Ҷанубӣ» мешавад.

Илон Маск 
Маск ва Барак Обама (2010)

Мэй ва шавҳари ояндааш Эррол Маск, падари Илон, якҷоя дар як ноҳия калон шудаанд. . Эррол чун муҳандис-сохтмончӣ кор мекард, Мэй бошад диетологи таҷрибаомӯз буд.

Илон соҳиби додар бо номи Кимбал[en] ва хоҳар Тоска аст.

Кӯдак хап калон шуд, китобхониро дӯст медошт, ва, ки соҳиби хотираи аксӣ дошт, ду донишномаро хонда "ҳамадон" гашт. Дар мактаб таҳти зӯроварӣ аз тарафи ҳамсинфонаш гирифтор мешуд; баъди як даргирӣ ӯ маҷбур шуд, бинии шикастаашро барқарор кунад Волидонаш ҷудо шуданд, модараш бо фарзандонаш ба Дурбан рафтанд, аммо баъди чанд сол Илон бо падараш зистанро афзал донист ва ба наздаш ба Кимбал омад. Эррол — шахси сахт, душвор аст ва бо ӯ зистан хеле душвор буд, аммо писаронаш аз ӯ чизи бисёре омӯхт. Онҳо ба падараш дар корҳояш: хиштмонӣ, корҳои сантехникӣ, тирезачаспонӣ, корҳои барқӣ кумак мекарданд.

Дар синни даҳсолагӣ Илон чун туҳфа, соҳиби компютери нахустини худ, Commodore VIC-20 шуд ва барномасозиро дар он ёд гирифт. Дар синни нуздаҳ ӯ бо нархи 500 доллар аввалин барномаи худ - видеобозиро дар усули Space Invaders бо номи Blastar фурӯхт, ки дар он қаҳрамон бо аҷнабиҳо мубориза мебурд.

Маск ба ширкатҳои дорусозӣ саҳмгузорӣ мекард, ки аз ҳолаташон бо рӯзномаҳо хабардор мешуд ва огаҳӣ меёфт. Бо пулҳои коркарда бар хилофи хостаҳои волидонаш ба Канада сафар кард. То дохилшавӣ ба донишгоҳ ӯ дар назди хешовандонаш дар шаҳри Кингстон, вилояти Онтарио мезист. Ба донишгоҳи Куинс дар Кингстон дохил шуд (солҳои таҳсил 1989 - 1991). Баъдан ба Донишгоҳи Пенсилвания, барои омӯзиши физика ва бизнес гузашт. Соҳиби дараҷаи бакалаври иқтисод ва бакалаври физика гашт. Соли 1995 ба донишгоҳи Стэнфорд, барои соҳиб шудани PhD дар физикаи таҷрибавӣ ва маводомӯзӣ, дохил шуд. Аммо вақти дохилшавиаш бо интернет-бум рост омад, ва ӯ Стэнфордро баъди 2 рӯз тарк кард, то дар вай иштирок кунад, ширкати худ, Zip2 Corporation-ро таъсисдода.

Зиндагии шахсӣ

Аввалин ҳамсараш, Жюстин Уилсон, ҳамроҳаш дар як донишгоҳ дар Канада таҳсил мекард. Онҳо соли 2000 издивоҷ карданд ва соҳиби панҷ фарзанд мебошанд.

Сентябри 2008 Илон ва Жюстин дар бораи нияти қатъ кардани робитаҳояшон хабар доданд. Сабаб дар он буд, ки Маск бо актрисаи бритониёӣ Талула Райлӣ робитаро оғоз карда буд. Онҳо соли 2020 издивоҷ карданд.. Соли 2012 Маск ва Райлӣ ҷудо шуданд, аммо боз дар соли 2013 якҷо шуданд. Дар марти соли 2016 онҳо ариза барои ҷудошавӣ дархост карданд, ки дар моҳи октябри ҳамон сол баргузор гардид.

Илон Маск тасдиқ кард, ки мушкилоти хоб дорад ва аз ҳабҳои хобоварти «Эмбиен» (золпидем) истифода мебарад.

Тӯли як сол бо ҳунарпеша Эмбер Херд вомехӯрд, ва сабаби қатъи робитаҳояш бо ӯро дар Инстаграм, дар графикҳои зиёди корӣ ва мушкилоти масофавӣ медонад, аммо қайд кард, ки ӯ ва Херд дӯст боқӣ мемонанд.

Дар моҳи феврали 2020 шавҳари пешинаи Эмбер Херд, Ҷоннӣ Депп Хердро дар хиёнат бо Маск баъди як моҳи издивоҷаш бо ӯ, айбдор кард. Далелҳои ташрифи Маск ба пентхауси Херд хеле зиёд аст.

Аз соли 2018 бо сарояндаи конодоӣ, Клэр Блуше, ки чун Граймс машҳур аст, робита дорад. Дар моҳи январи соли 2020 Граймс тасдиқ кард ва гуфт, ки онҳо кӯдаки аввалро интизоранд. Граймс гуфт, ки кӯдак худаш метавонад гендерашро (ҷинсашро) интихоб кунад. Кӯдак 4 майи 2020 таваллуд шуд ва номаш «X Æ A-12» аст, аммо дар Калифорния ин ғайриқонунӣ аст, чунки дар ном ҳарфе аст, ки дар забони англисӣ вуҷуд надорад (Æ). Транскрипсияаш – «Экс Эш Эй-Твелв».

Додари хурдиаш, Кимбал, ресторатор ва адептори муваффақи маҳсулоти кишоварзӣ аст, хоҳараш бошад, Тоска, ба коргардонии филмҳо машғул аст. Мэй Маск, модари Илон низ яке аз шахсиятҳои машҳур, модел, лектор ва диетологи муваффақ мебошад.

Сиёсат

Дар моҳи декабри соли 2016 ба ҳайати Форуми рушд ва сиёсати президентии[en] назди президенти ИМА Доналд Трамп дохил шуд, — гурӯҳи 16 нафараи соҳибикорон, ки масъалаашон маслиҳатдиҳӣ ба 45-ум президенти ИМА оид ба саволҳои рушди иқтисод, эҷоди ҷойҳои нави корӣ ва баландкунии сифати истеҳсолот мебошад, аммо дар соли 2017 вобаста ба иштироки Трамп дар баромади ИМА аз шартномаи Париж чун протест аз форум даст кашид.

Накӯкорӣ

Соли 2012 Илон Маск роҳбари ташкилоти хайриявии Musk Foundation интихоб шуда моҳи январи соли 2015 ба ин ташкилот 10 миллион доллари ИМА-ро барои Донишкадаи ояндаи одамӣ, ки дар тадқиқот ва назорати зеҳни сунъи истифода мешавад хайр кард. Моҳи октябри соли 2019 барои шинонидани дарахтони сӯхташудаи ИМА 1 миллион доллари ИМА-ро хайр кард.

Касб

X.com ва PayPal

Мақолаи асосӣ: PayPal

Дар моҳи марти соли 1999 Маск яке аз асосгузорони X.com гашт. Соли 2000 X.com бо ширкати Confinity муттаҳид шуд, ки хидматрасониҳои пулфиристонии персоналиро барои PayPal анҷом медод. Маск хостгори он шуд, ки нармафзори барномарезишудаи ширкат, аз системаи оператсионии UNIX ба СО Windows иваз шавад, ки ихтилофи зиёд бо директори техникии ширкат Макс Левчин ва дигар раҳбаронро ба бор овард, ки натиҷааш ихроҷи Маск аз вазифаи CEO шуд (аммо ӯ аъзои Шӯрои директорон монд). Аммо ақидаи стратегии Илон дар бораи муттаҳидсозии ду ширкат, ҳамроҳ бо пешбурди бараълои системаи электронии пардохт дар Интернет-ауксионҳо (дар ҷои аввал, eBay), дар соли 2001 ба рушди босуръати ширкат овард, ва номи ширкат дар натиҷа ба PayPal иваз шуд. Ин муваффақиятҳо ба ширкат иҷозат доданд, то саҳмҳояшро ба биржа дар феврали соли 2002 барорад (ва яке аз якумин дотком-ширкатҳое шуд, ки ба биржа баъди ҳамлаҳои террористии сентябри соли 2001 баромад). Дар моҳи октябри соли 2020 PayPal-ро eBay бо нархи 1,5 млрд доллари ИМА харид. Ҳангоми фурӯш 11,7 % саҳомҳои ширкат ба Маск тааллуқ доштанд, ки ба ин восита ӯ 180 млн. $ ба даст оварад.

Филм

Тибқи гуфтаи Ҷон Фавр, коргардони «Одами Оҳанин» (2008), Илон Маск ҳамчун илҳомбахш барои филми ҷисми Тони Старк, дар нақши Роберт Дауни хурдӣ хидмат кардааст .

Илон Маск дар 26 фасли 12 серияи Симпсонҳо, ки 25 январи соли 2015 аз ба нашр баромад, камоэро овоз дод.

Дар серияи 9-и мавсими 9-уми «Назарияи Таркиши Бузург» вай камо месозад.

Соли 2017, ӯ дар мазҳакаи « Чаро ӯ» нақш бозидааст. "Дар нақши худаш бозидааст.

Дар соли 2016, Маск дар сериали Марс (2016) ҳамчун дар нақши худаш зоҳир шуд. * Tesla

Соли 2010 Маск дар филми " Одами оҳанин 2 " дар нақши худи ӯ баромад кард (мувофиқи сюжет, Илон дӯсти Тони Старк аст). Дар соли 2013, ӯ инчунин дар як қисмати филми Machete мекушад бозид. Маск дар байни тамошобиноне дида мешавад, ки ба муаррифии зеҳни сунъӣ дар филми илмии фантастикии " Superiority " (2014, соати 00: 07: 39-41) омадааст ва номи ӯ дар эътибор аст.

Ҷоизаҳо

  • Соли 2008 маҷаллаи Esquire Маскро ба рӯйхати 75 нафар шахсони бонуфузи садаи XXI дохил кард.
  • Дар моҳи июни соли 2011, ба ӯ ҷоизаи Хайнлайн барои тиҷорикунонии кайҳон 500 ҳазор. Доллари ИМА супорида шуд.
  • Дар моҳи феврали ҳамон сол маҷаллаи Форбс Маскро ба рӯйхати 20 роҳбарони бонуфузи амрикоӣ дар синни то чил шомил кард.
  • Моҳи ноябри соли 2013 маҷаллаи Fortune ӯро Соҳибкори сол ва The Wall Street Journal Маскро Директори сол интихоб карданд.

Эзоҳ

Tags:

Илон Маск ЗиндагиномаИлон Маск СиёсатИлон Маск НакӯкорӣИлон Маск КасбИлон Маск ФилмИлон Маск ҶоизаҳоИлон Маск ЭзоҳИлон Маск28 июнЗабони англисӣПреторияСоли 1971Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Китоби сурхҶонишинҳои муштаракАмнияти миллӣБаргЗабони лотинӣАндозМастона ЭргашеваАдабиётПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)МасдарВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонБоғи ҳайвоноти ДушанбеАндози заминГулКитобхонаи миллии ТоҷикистонАндоз аз арзиши иловашудаДанияМодда (физика)РозиёнаДавлати СомониёнОдинаРавоншиносВазифаи ҳифзи табиатРӯзи илмСулҳРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонНидоАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонЛутфулло ДавлатзодаНишони ТоҷикистонДонишкадаи кӯҳию металлургии ТоҷикистонФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонУгандаИскандари МақдунӣШуурБедилТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонТағоймурод РозиқовНозирҷон БоҳирӣРамазон РаҳимзодаШиринбияАбдулҳақ БетобДандонСамаки айёрБаёнотХоккейУқёнуси АтласРӯзи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонНоҳияҳои ДушанбеҚоқуБлез ПаскалҲиҷоБинӣАбулмаъолӣ Насруллоҳи МуншӣРӯзи ҷаҳонии кӯдакМирзо ТурсунзодаФарзонаСомониёнБобоҷон ҒафуровСиёсатномаҲисорМуайянкунандаБарги зулфБемориҳои асабЗанбӯрЗабони моғолӣКалимаСохти феълҳоШоҳид 136ДонишномаОшобаДонишгоҳи миллии ТоҷикистонТақсимоти маъмурии ТоҷикистонОриёӣКитоби Муқаддас🡆 More