Даҳсолаи Байналмилалии “Об Барои Рушди Устувор”

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 пешниҳоди Тоҷикистонро барои эълон доштани солҳои 2018-2028 чун “Об барои рушди устувор” қабул кард.

Даҳсолаи Байналмилалии “Об Барои Рушди Устувор”
Фондарё, вилояти Суғд
Даҳсолаи Байналмилалии “Об Барои Рушди Устувор”
Ҳафткӯл, вилояти Суғд

Питер Томсон раиси Маҷмаи умумии СММ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи табрикотӣ ирсол намуд. Дар номаи шодбошӣ аз ҷумла омадааст: "Бо камоли ифтихор мехостам Шумо ва мардуми Шуморо бо қабули муваффақонаи қатъномаи "Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки рӯзи 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, табрик намоям".

"Боварии комил дорам, Даҳсолаи нав, ки ба масъалаҳои рушди устувор ва истифодаи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ, аз ҷумла пешбарии ҳамкориҳо ва шарокат дар ҳама самтҳо таваҷҷуҳ дорад, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои байналмилалии тасдиқшудаи марбут ба об, бахусус он ҳадафҳое, ки дар рӯзномаи рушди устувори 2030 инъикос шудаанд, мусоидат намояд"

Об барои рушди устувор: Питер Томсон пешниҳоди Тоҷикистонро қабул кард

,- омадааст дар иттилоия. Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми президент ба парлумон мардуми тоҷикро бо қабули ташаббуси даҳсолаи амалиёти об табрик гуфт.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҷаҳон

  • 22 марти соли 2018 дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки 22 марти соли 2018 ба кори хеш шурӯъ намудааст, ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” нахустин шуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори асосии қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” суханронӣ намуданд.
  • 24 марти соли 2018 мақолаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардид.
  • 23 апрели соли 2022 Дар суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Саммити чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавриди зикр аст, ки «Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи нави амал “Об барои рушди устувор”, “Раванди оби Душанбе”-ро оғоз бахшида, соли 2018 Конфронси нахустини сатҳи баландро оид ба Даҳсола доир намуд ва баргузории Конфронси навбатии онро аз 6 то 9 июни соли 2022 дар назар дорад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити имрӯза хидмат хоҳад карда, дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Конфронси соли 2023 дар Ню-Йорк, ки зери ҳамраисии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерландия сурат хоҳад гирифт, баъд аз қариб панҷоҳ соли нахустин Конфронси оби соли 1977-и Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.».


Эзоҳ

Tags:

21 декабрМаҷмаи Умумии Созмони Милали МуттаҳидСоли 2016Тоҷикистон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Андози ғайримустақимИбораҳои зарфӣҲофизКуруши БузургХилофати УмавиёнСагДавлати ҚарохониёнПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Оиша бинти АбубакрҚобусномаХилофати АббосиёнҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонПули миллӣВола, АбдулҳақДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣКамолуддин БиноӣСоли 1888Рӯзи парчами давлатии ТоҷикистонҚоқуФеълҳои модалӣАрзиш (илми иқтисод)Академияи миллии илмҳои ТоҷикистонЗабони барноманависӣMicrosoft WordКафшиёти бузурги ҷуғрофиёӣҲуҷайраМубтадоШоҳномаГардиши моддаҳо дар табиатВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонСохти феълҳоУбайди ЗоконӣКитобхонаи миллии ТоҷикистонШакли идораи давлатПарчами ТоҷикистонКумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонАштархониёнШабакаи иҷтимоӣСӯхтагӣОмӯзгорДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонДонишгоҳи аграрии ТоҷикистонШушСохти шумораҳоАлоқа дар ТоҷикистонҶонибеки МуродИлмҳои техникӣАбдусалом ДеҳотӣПешояндНАТОАндоз аз молу мулки ғайриманқулБадоеъу-л-вақоеъРубоӣDokuWikiСурхчаСадонокҳоДавлати СомониёнБоҷи гумрукӣДеваштичВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонИдҳои ТоҷикистонНоҳияҳои ТоҷикистонҲуқуқи оилавӣПиряхТоҷиконИттилоотИбни СиноЛаҳистонРӯзи модарКӯлҳои ТоҷикистонХаргӯшАрабистони СаудӣСуннатФалсафаХусрави ДеҳлавӣФотеҳ НиёзӣАлифбои тоҷикӣ🡆 More