Гингивит

Гингиви́т (лот.

gingivitis; аз лот. gingiva — «милк» ва лот. -itis — «илтиҳоб») — илтиҳоби луобпардаи милки дандонҳо.

Гингивит
ИхтисосOral medicine Edit this on Wikidata
Гингивит
Гингивит
МКБ-10 K05.005.0, K05.105.1
МКБ-9 523.0523.0-523.1523.1
DiseasesDB 34517
MedlinePlus 001056
eMedicine / 
MeSH D005891

Сабаби пайдоиши гингивит сирояти бактерияву вирусҳо, риоя накардани қоидаҳои беҳдошт, милкро захмдор кардани қираи тези дандони шикаста, санги дандон, пломба ва рӯкаш, таъсири кислотаю ишқорҳо ва гармӣ ба милки дандон мебошад. Гингивит мумкин аст дар натиҷаи витаминкоҳиш, аллергия, ихтилоли кори ғадудҳои усораи дохилӣ, бемориҳои роҳи меъдаву рӯда, гурда, хун, заҳролудӣ аз намакҳои филиззот (сурб, руҳ) ва парадонтит низ зуҳур ёбад. гингивит назлавӣ, захмӣ, рушдӣ (гипертрофӣ) ва пажмурдавӣ (атрофиявӣ) мешавад. Ҳангоми гингивити назлавӣ луобпардаи милки дандон сурх шуда, вараму хориш мекунад, аз бехи дандонҳо хун мешорад. Дар мавриди гингивити захмӣ бофтаҳои канори милки дандон мавт (некроз) мешаванд. Бемор беҳол гашта, милки дандонҳо дард мекунад, аз даҳон бӯйи нохуш меояд; ҳарорати бадан ҳам мумкин то 39° баланд шавад. Кам гаштани гӯшти милк ва намоён шудани решаи дандонҳо аломати гингивит-и пажмурдавӣ аст. Дар ин мавридҳо гармиву сардӣ ба дандонҳо таъсири ногувор мерасонанд.

Бо мақсади муолиҷаи гингивит истифодаи доруҳои антисептикӣ, витаминҳо, тоза кардани санги дандон, табобати дандонҳои пӯсида манфиатбахш аст.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Груздев Н. А. Острая одонтогенная инфекция. М., 1978;
  • Шаров Д. В. Стоматология. М., 2005;
  • Луцкая И. К. Основы эстетической стоматологии. Минск, 2005.

Сарчашма

Tags:

Забони лотинӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҳуқуқҳои инсонЗарафшондарёФарзонаи ХуршедРубоиёти ХайёмЗабоншиносӣШеърҚазоқистонУзвҳои таносули занонаМаводи нашъадорШиркати Алюминийи ТоҷикҲокимияти сиёсӣГардиши сармояАдади натуралӣҲикояҳои хурд-хурдНоҳияи Кӯҳистони МасчоИсмҚоидаи ҳаракати роҳИнсонДеҳаСурхаконСохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷиконҶумҳурии Африқои ҶанубӣТабиатЭнергетикаи ТоҷикистонХолмуроди СиддиқОмударёБонки миллии ТоҷикистонАбдуллои СултонБоғСистемаи шошаю таносулМанғитияАломатҳои роҳФарҳанги луғатХушнависии арабӣИлмКамхунӣНекрӯз НиёзовҲунарҲикояҶанги ҷаҳонии дувумВарзиш дар ТоҷикистонСаъдуддини ВаровинӣҶумлаАввалин Бонки Молиявии ХурдАрастуРазмУкроинВергулДонишгоҳи давлатии ХуҷандХоқонии ШервонӣВарзиш ТВБемориҳои чашмВолейболPubMedMicrosoft WordАфсонаМағзПарвиз ҶабборзодаАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонПиряхСалоҳияти ПрезидентТобистонАҳмади ДонишСутунмуҳраТаърихи ЭронИскандари МақдунӣВодии ЗарафшонСаймумин ЯтимовГурбаЧароғи роҳнамоWhatsAppМучалУзвҳои пешобЯъқуби Лайс🡆 More