Бурак Озчивит: ҳунарпешаи турк

Бурак Озчивит (тур.

24 декабри 1984, Сариер, Истанбул, Туркия) — ҳунарпеша ва мудели турк.

Бурак Озчивит
тур. Burak Özçivit
Бурак Озчивит: Зиндагинома, Фаъолият, Ҳаёти шахсӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Burak Özçivit
Таърихи таваллуд: 24 декабр 1984(1984-12-24) (39 сол)
Зодгоҳ: Сариер, Истанбул, Туркия
Шаҳрвандӣ: Бурак Озчивит: Зиндагинома, Фаъолият, Ҳаёти шахсӣ Туркия
Касб: ҳунарпеша, мудел
Корнома: 2003-2007 (мудел)
2006-то ҳол (ҳунарпеша)
Самт: телевизион
синамо
IMDb: ID 2704629
Бурак Озчивит: Зиндагинома, Фаъолият, Ҳаёти шахсӣ Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Бурак Озчивит 24 декабри соли 1984 дар ноҳияи Сариери вилояти Истанбул таваллуд шудааст. Сардори оила Булент Озчивит соҳиби як тарабхонаи хурди анъанавӣ буд, ки ба меҳмонон ва сокинони шаҳр хидмат мекард. Модар Ҷейҳан Озчивит ба нигоҳубини хона ва тарбияи Бурак ва хоҳари калониаш Бурҷун машғул буд. Дар хурдсолӣ Бурак кӯдаки хеле ором буд ва ба модараш мушкилоти зиёд надод. Вай тамоми рӯз дар телевизор филмҳои тасвирӣ тамошо мекард ва худро дар шакли қаҳрамонҳои афсонавӣ тасаввур мекард. Бузург шуда, Бурак ба варзиш шавқ пайдо кард ва тамоми вақти холии худро дар толори варзишӣ ва дар майдони футбол мегузаронд. Дар наврасӣ, ӯ ва оилааш ба шаҳри Истамбул кӯчиданд, ки дар он ҷо барои ҷавон дурнамои нав кушода шуд. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар шуъбаи синамо, санъати тасвирӣ ва аксбардории Донишгоҳи Мармараи Истанбул дохил шуда бо муваффақият онро хатм кардааст. Аз соли 2003 то 2007 дар соҳаи муделӣ кор кардааст. Соли 2003 ба мукофоти беҳтарин мудели Туркия ва соли 2005 дар озмуни беҳтарин модели ҷаҳон ҷои дуюмро гирифт.

Фаъолият

Бурак Озчивит аввалин нақши хурди худро дар триллери Eksi 18 бозид. Пас аз як сол, ба ӯ нақши калидӣ дар мелодрамаи мазҳакавии «Zoraki Koca» (Шавҳари маҷбурӣ)-ро пешниҳод карданд. Вай инчунин дар филми даҳшатангези “Musallat” (Сироятёфта), силсилафилмҳои мазҳакавии "Хонаи оилавӣ" (Baba Ocağı), драмаи психологии "Хиёнат" (İhanet) ва силсилафилми наврасии "Розҳои хурд" (Küçük Sırlar) нақш офаридааст. Ҳунарпеша дар силсилафилми таърихӣ ва биографии "Асри муҳташам", ки дар он нақши Малкочоғлу Балӣ Бойро офаридааст, хеле муваффақ шудааст. Қаҳрамони асосиро дар ин силсилафилм Холид Эрганҷ бозидааст. Нақши навбатии Бурак ӯро дар тамоми ҷаҳон машҳур сохт. Ин версияи нави достони классикии "Çalıkuşu" буд, ки дар он ҳунарпеша нақши қаҳрамони асосӣ - Комронро ва ҷуфти ӯро ҳамсари ояндааш Фахрия Эвҷан бозидаанд.

Ҳунарпеша барои сабти навбати зиёд интизор нашул, зеро мухлисони тамоми дунё аз Бурак Озчивит филмҳои нав ва навро талаб мекарданд. Ба ӯ нақши асосӣ дар мелодрамаи "Ишқ монанди ту аст" (Aşk Sana Benzer) пешниҳод намуданд, худи ҳамон сол соли 2015 ҳунарпеша дар силсилфилми дигари туркӣ, қиссаи румонтикии "Ишқи сиёҳ" (Kara Sevda), ки қариб дар тамоми дунё намоиш дода шуд, нақши асосиро соҳиб шуд. Нақши асосии зан дар ин расм ва маҳбуби қаҳрамон Буракро Наслихон Атогул иҷро кардааст.

Сарфи назар аз он, ки ҳунарпешаҳо эҳсосоти ошиқонаро дар экран тасвир мекунанд, дар ҳаёти Бурак ва Наслихон шиддатҳо баста буданд, ки дар ниҳоят ба хусумати ошкоро табдил ёфтанд. Дар аввал ҳунарпешаҳо муносибатҳои дӯстонаро нигоҳ медоштанд ва кӯшиш мекарданд, ки бо оилаҳо дӯстӣ кунанд, аммо тадриҷан муносибатҳо бад шуданд. Тибқи овозаҳо, бӯсаи саҳнавии онҳо, ки боиси рашки дӯстписари Наслихон Атогул гардид, сабаби муноқиша шудааст. Бурак Озчивит бахшиш пурсид, аммо ин вазъро наҷот надод. Ҳангоми наворбардорӣ ҳунарпешаҳо бо ҳам суҳбат намекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки ҳар вақте ки имконпазир аст, алоҳида нақшофарӣ кунанд.

Моҳи январи соли 2016 иловае нав ба филмномаи эҷодии Озчивит филми сабуки оилавии "Бародари ман" (Kardeşim Benim), ки дар он ӯ нақши Ҳоконро бозид, зам шуд. Соли 2017 Бурак Озчивит бо нақши Ҳокон дар филми "Бародари ман 2" (Kardeşim Benim 2) баргашт.

Соли 2018 ӯ дар филми "Can Feda" нақши комиссар Алпарсланро офарид.

Аз соли 2019 дар силсилафилми таърихии "Kuruluş Osman" нақши Усмонӣ Бойро миёни ҳунарпешаҳо Нуриддин Сонмез ва Рақиб Саваш мебозад.

Ҳаёти шахсӣ

Соли 2015, ӯ бо ҳунарпеша Фахрия Эвҷан мулоқотро оғоз намудааст. Онҳо 9 марти соли 2017 дар Олмон номзадӣ намуда 29 июни соли 2017 дар Истанбул издивоҷ намуданд. 13 апрели 2019, ҳамсараш дар беморхонаи амрикоӣ дар Истанбул писар (Каран) таваллуд намуд.

Филмнома

Филмҳо
Сол Номгӯй Нақш
2007 Musallat Суат
2013 Zarafa Ҳасан
2015 Aşk Sana Benzer Биликчӣ Алӣ
2016 Kardeşim Benim Ҳоқон
2017 Kardeşim Benim 2 Ҳоқон
2018 Can Feda Капитан Алпарслан
Силсилафилмҳо
Сол Номгӯй Нақш
2006 Eksi 18 Мурод
2007 Zoraki Koca Умар Озпулод
2008–2009 Baba Ocağı Гювен
2010 İhanet Амир
2010–2011 Küçük Sırlar Чатин Оташоғлу
2011–2013 Асри муҳташам Малкочоғлу Балӣ Бой
2013–2014 Çalıkuşu Комрон
2015–2017 Ишқи сиёҳ Камол Сойдара
2019– Kuruluş: Osman Усмон I

Ҷоизаҳо

Соли 2005 Бурак унвони "Беҳтарин мудели Туркия" - ро ба даст овард ва дар озмуни "Беҳтарин мудели ҷаҳон" сазовори ҷои дуввум шуд.

Сол Ҷоизаҳо Гурӯҳ Кор Натиҷа
2012 Ҷоизаи мардҳои сол Ҳунарпешаи сол Асри муҳташам Баранда
2013 Galatasaray Донишгоҳ Ҷоизаи беҳтаринҳои соли 2012 Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион Баранда
2014 12. YTÜ Stars of the Year Awards Беҳтарин ҳунарпешаи писандидаи телевизион Çalıkuşu Баранда
13. Magazinci.com Internet Media (Беҳтаринҳо) Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион Баранда
4. Elle Style Awards Ҳунарпешаи "Elle Style"-и сол Баранда
Донишгоҳи Халиҷ Ҷоизаи беҳтаринҳои соли 2014 Беҳтарин ҳунарпеша Баранда
2015 4. Bilkent Television Awards Беҳтарин ҳунарпешаи драма Ишқи сиёҳ Баранда
6. Ayaklı Newspaper TV Stars Awards Беҳтарин ҳунарпешаи драмаҳои телевизионӣ Баранда
2016 14. YTÜ Stars of the Year Awards Беҳтарин ҳунарпешаи писандидаи филмҳо Aşk Sana Benzer Баранда
23. İTÜ EMÖS Achievement Awards Муваффақтарин ҳунарпешаи филми сол Aşk Sana Benzer Баранда
16. Magazinci.com Internet Media (Беҳтаринҳо) Намоишномаи телевизионии сол Ишқи сиёҳ Баранда
2. Turkey Youth Awards Беҳтарин ҳунарпешаи синамо Aşk Sana Benzer Номзад
Донишгоҳи Эге 5. Media Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион Ишқи сиёҳ Номзад
10. GSUEN Awards Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион ва синамо Aşk Sana Benzer Номзад
43. Pantene Golden Butterfly Awards Беҳтарин ҳунарпеша Ишқи сиёҳ Номзад
Беҳтарин ҷуфти телевизионӣ (Ниҳон & Камол) Номзад
2017 44. Pantene Golden Butterfly Awards Беҳтарин ҳунарпеша Номзад
The ONE Objective Awards Бойгонӣ шудааст 14 июли 2019  сол. Муваффақтарин ҷашни сол Баранда
Ҷоизаи мардҳои сол Маъруфтарин марди сол Баранда
2019 Yıldız Technical University Ҳунарпешаи беҳтарин Can Feda Баранда

Нигаред низ

Эзоҳ

Пайвандҳо

Tags:

Бурак Озчивит ЗиндагиномаБурак Озчивит ФаъолиятБурак Озчивит Ҳаёти шахсӣБурак Озчивит ФилмномаБурак Озчивит ҶоизаҳоБурак Озчивит Нигаред низБурак Озчивит ЭзоҳБурак Озчивит ПайвандҳоБурак Озчивит198424 декабрВилояти ИстанбулЗабони туркӣМудел (шахс)ТуркияҲунарпеша

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Забони инглисӣПули миллӣПавел ДуровҲафт муъҷизаи оламДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонЭронРӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии ТоҷикистонСарвазири Ҷумҳурии ТоҷикистонТерескенКитобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим ЛоҳутӣНамозСадонокҳоСамарқандИқтисоди ТоҷикистонКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонҲол (забоншиносӣ)Бунёди ВикимедияДавлати ҒазнавиёнМирзо Сироҷи ҲакимДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонМизоҷ (равоншиносӣ)АлкалоидҳоВилояти ХатлонПадарБайт (шеър)ҚитъаИбораҳои ҷонишинӣКамхунӣРусияАлҷазоирТибОлами ҳайвоноти ТоҷикистонДонишгоҳи аграрии ТоҷикистонҲикояҳои хурд-хурдТаърихи ТоҷикистонДрама (ҷинси адабиёт)СанҷобНерӯгоҳи барқи обии БойғозӣСайф Раҳимзоди АфардӣРамзҳои давлатии ТоҷикистонПиряхи ВанҷяхЛондонКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонБайнаннаҳрайнДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонСифати нисбӣБозрасии давлатии автомобилӣАштархониёнНоҳияи ҲисорВазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии ТоҷикистонПекинАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣДилСаҳеҳи БухорӣАдабиёти тоҷикНидоИнсоншиносӣАмрикоВарзишНерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2Бомдод (намоз)Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонПойгоҳи додаҳоЭнсиклопедияи Миллии ТоҷикСафедаҳоИтолиёНеъмат ҚаробоевҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣҲокимияти давлатӣБедонаФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣБеларусСуруди миллии ТоҷикистонФонди мақсадноки давлатӣҚонун🡆 More