Барф

Барф — оби фусурдашуда, ки ба шакли булӯрҳо (кристаллҳо)-и реза дар фасли сармо аз абрҳо ба рӯйи Замин мерезад ва рангаш сафед аст.

Барф
Барф. Зимистони деҳаи Дараи Гӯсфандак

Ташаккули булӯрҳо

Барф дар абрҳо дар натиҷаи дар ҳарорати аз 0°С паст ба зарраҳои чанг часпида, ях кардани қатраҳои об ба вуҷуд меояд. Ба булӯрҳои яхи дар аввал қутрашон то 0,1 мм дар вақти афтиш ба Замин дар натиҷаи конденсатсия нами ҳаво часпида, ҳаҷмашон бузург мешавад ва булӯрҳои шаклашон шашқира ба вуҷуд меоянд. Дар натиҷаи булӯрбандии молекулаҳои об байни шуоъҳои булӯр кунҷҳои 60° ва 120° ҳосил мешаванд. Булӯри асосии об дар ҳамворӣ шакли шашкунҷаи мунтазамро дорад. Ба қуллаҳои чунин шашкунҷа булӯрҳои нав часпида, шаклҳои гуногуни ситорачаҳо – барфакҳо ба вуҷуд меоянд.

Барфакҳо

Барф 
Барфакҳо

Ранги сафеди барфро ҳавои дар барфак мавҷуд ҳосил мекунад. Рӯшноии басомадҳояшон гуногун дар сатҳҳои сарҳаддии байни булур ва ҳаво инъикосгардида, пароканда мешавад. Қисми зиёди таркиби барфакҳоро ҳаво ташкил медиҳад (95%), ки зичии хурд ва суръати нисбатан пасти афтиши онҳо (0,9 км/соат)-ро таъмин мекунад.

Калонтарин барфак дар ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки қутраш 15×8 дюймо (тақрибан 38×20 см) буд . Одатан, қутри барфак 5 мм, вазнаш 0,004 грамм мешавад (вазни барфи лаклакӣ то 0,5 граммро ташкил дода метавонад).

Таърих

Ахтаршиноси поляк И. Кеплер барфро дар асари худ «Дар бораи барфакҳои шашкунҷа» на чун ҳодисаи табиӣ, балки ҳамчун шакли ҳандасӣ баррасӣ намуд. Олими фаронсавӣ Р. Декарт дар асарҳои худ шакли барфакҳоро омӯхтааст. У. Бентли (фермери амрикоӣ) бори аввал акси саҳеҳи барфакро зери микроскоп ба даст овард (1885). Ӯ дар давоми 46 сол зиёда аз 5000 акси барфакҳоро ҳосил кард. Дар натиҷаи омӯзиши ин аксҳо маълум шуд, ки ду барфаки сохташон яксон вуҷуд надорад. Аз миқдори боридани бориш, бахусус барф намнокии сол муайян карда мешавад.

Нигаред низ

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

Барф Ташаккули булӯрҳоБарф акҳоБарф ТаърихБарф Нигаред низБарф ЭзоҳБарф СарчашмаБарфБулӯрЗамин

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ВикигуфтовардДонишномаСомониёнБаландии мутлақАрастуВазорати нақлиёти Ҷумҳурии ТоҷикистонБухороУзвҳои таносули занонаИмперотурии УсмонӣИсаак НютонПизишкЧистонАлберт ЭйнштейнДавлати ФаластинҶонишин (дастури забон)Мамнӯъгоҳи РомитISO 3166-1Ҳусайн Воизи КошифӣСаттор ТурсунШодон ҲанифТаърихи ТоҷикистонСурхакСурияИсмоили СомонӣИттифоқи нависандагони ТоҷикистонЛоиқ ШералӣБиосенозЧилучорчашмаКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонСиғаҳои феълBloggerДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонФарзонаи ХуршедАфандӣTelegramҶустуҷӯи информатсионӣОдина ҲошимДрама (ҷинси адабиёт)СанавбарАнтонимҳоҒунчаҳои захмӣВирусҳоШартномаи меҳнатӣПокистонБемористонАдадҳои содаАмнияти миллӣЗаминларзаОбБобунаМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонДонишкадаи тарбияи ҷисмонии ТоҷикистонМуғулистонОрҳан БийиклӣНизомии ГанҷавӣКонодоХати лотинӣҶомеаи иттилоотӣАдабФайласуфФарҳанги тафсирии забони тоҷикӣАъзои ҷумлаБеморӣТаърихи ЭронҚейдорАбдуллои СултонИттилоотНоҳияи ҲамадонӣТундгароӣИқтисодҚорӣ Раҳматуллоҳи ВозеҳАлюминийОсиёи Марказӣ🡆 More