Атланта

Шаблон:Шаҳрҳои ИМА

АТЛÀНТА (анг. Atlanta) — шаҳр дар ИМА, пойтахти иёлати Ҷорҷия. Атланта дар пуштакуҳи Пидмонт, доман­кӯ­ҳи Аппалачи ҷойгир аст. Маркази муҳимми тиҷоратию саноатӣ дар ҷануби ИМА. Масоҳаташ 343 км2, аҳо­лиаш 520 ҳазор нафар (2010), бо агломератсия (ҳаволӣ) зиёда аз 5,5 млн нафар.

Аҳолӣ

Аҳолӣ аз 61,1% амри­коиҳои африқоинажод, 33,61% са­фед­пӯстон, 2,93% осиёиҳо, 0,18% ҳиндиёни таҳҷоӣ ва ғайра иборат аст.

Иқтисодиёт

Атланта дорои шабакаи калони роҳи оҳан, се шоҳроҳи автомобилии бай­нииёлатӣ (маҳалли ҳамдигар­ро буриданашон дар Атланта), аэропорти байналмилалии Харт­с­филд ва дигарон фурудгоҳҳои хурд (парвоз дар сайр­хатҳои дохилииёла­тӣ), метрополитен, 193 сайрхатти ав­то­бусӣ ва ғайра мебошад. Соли 1837 бо оғози сохтмони роҳи оҳании «Вестерн энд Атланта» чун қаряи Тёрминдс арзи ву­ҷуд карда, аз соли 1843 Мартасвил ва аз соли 1845 Атланта (аз исми роҳи оҳан) ном гирифт. Аз соли 1847 – шаҳр. Солҳои 60 садаи XX Атланта яке аз мар­казҳои мубориза барои ҳуқуқҳои табааӣ (фаъо­лияти Мар­тин Лютер Кинг) гардид. Ҳоло Атланта маркази байналмилалии тиҷорат, макони корхонаҳои бузурги саноати автомобил («Ҷене­рал Моторс» ва «Форд»), саноати авиатсионӣ ракетавию кай­ҳонӣ (дар шаҳраки Мариетта), радиоэлектронӣ, ки­миё, селлюлозаю коғаз, инчунин қароргоҳи ширкатҳои «Кока-Кола», «Тёрнер Брод­кастинг Систем», ширкатҳои авиатсионии «Делта Эйр­лайнз», «Ҷорҷия Пасифик Кор­порэйшн» мебошад. Маркази CNN (бо студияҳои телевизиониаш) низ дар Атланта қарор дорад.

Меъморӣ

Атланта 
Маркази шаҳр

Биноҳои асосии Атланта пештар ка­мошёна буданд, аз солҳои 60 садаи XX маркази шаҳр бо услубҳои замонавии «ҳайтэк», модерн ва постмодерн бино шуда, маҷмӯи иморатҳои «осмонхарош»: марказҳои тиҷоратии Пичтри-Сентр-1 (67 ошёна), Уэстин-Пичтри-Плаза (71 ошёна) ва ғайра қомат афрохтанд. Бинои Бонки Американ-Плаза 312 метр баландӣ дорад.

Фарҳанг

Дар Атланта Маркази миллӣ-таърихии М. Л. Кинг (бо хона ва марқадаш), Осорхонаи инфиродии нависанда Д. Ч. Ҳаррис, дониш­гоҳ­ҳои Эморӣ, Атланта, Ог­леторп, донишкадаи технологӣ, Маркази илмии Фернбанк, осорхонаи санъати нафиса, осорхонаи Кока-Кола, толори мусиқии симфонӣ, маркази санъати муосири «Нексус» ва ғайра ҷойгиранд. Соли 1996 дар Атланта Бо­зи­ҳои тобистонаи олимпӣ (ба муносибати 100-солагии ҳара­кати олим­пӣ) баргузор гардид. Марти 2008 дар Атланта тӯ­фони шадиди навъи EF-2 рух дода, ба Филипп-Арена, Парки олимпӣ, Маркази CNN ва Конгресс-Сентр зарари калон расонд. Дар наздикии Атланта сахраи бузурги Стоун-Маунтин ҳаст, ки дар он симоҳои пешвоёни конфедератсияи давраи Ҷанги шаҳрвандии с-ҳои 1861–1865 ҳаккокӣ шудаанд.

Сарчашма

Tags:

Атланта АҳолӣАтланта ИқтисодиётАтланта МеъморӣАтланта ФарҳангАтланта СарчашмаАтланта

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Таҳияи масҷидГулистон (асар)Алоуддини БухорӣАндози заминЗаминларзаҲуқуқҳои инсонИсоОсиёи Миёна.cgАдабиётАрастуМасеҳиятДушанбеҒунчаҳои захмӣАмрикоПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)Донишкадаи исломии ТоҷикистонҲамсадоОсиёи МарказӣДонишБемории вабоАдабиёти бадеӣБаҳористонСадриддин НаҷмиддинСафедКислотаи дезоксирибонуклеатҚонунҲиссаҳои нутқДевонЗанбӯри асалСомониёнНасим РаҷабСозмони ҳамкории ШанхайФизиологияОрҳан БийиклӣАбурайҳони БерунӣФотеҳ НиёзӣШоҳаншоҳии АшконӣЭкологияФутболГулГурӯҳи хунӣСифати нисбӣШоҳномаАхлоқи МуҳсинӣКотибии ТуршезӣКамол (гиёҳ)Шиҳобуддини ДавлатободӣПарвиз ҶабборзодаАмволи муштараки зану шавҳарАдвокатМактабҳои усули куҳнаМуҳиддин АминзодаЗабони форсӣХуфтанВазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии ТоҷикистонМахфират ҲамроқуловаПиряхҳои ТоҷикистонДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонЗаробиддин ҚосимӣГулдӯзӣАҳмадшоҳи МасъудРӯзноманигорӣАфканишотЭнергияЭшони НуриддинҷонФарзонаи ХуршедНоҳияи ТурсунзодаПиряхҶонибеки МуродШоҳаншоҳии СосонӣБемориҳои дилСурхча11 апрел🡆 More