Архимед

Архимед, Арашмидус, Аршимедес (юн.-қад.

Архимед
юн.-қад. Ἀρχιμήδης ὁ Συρακόσιος
Архимед
Таърихи таваллуд тақрибан 287 то м.[…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 212 то м.[…]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҳандаса, риёзиёт, механика, Фанҳои техникӣ ва ахтаршиносӣ
Архимед Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

Архимед дар Сиракуза (ҷаз. Ситсилия) таваллуд шуда, бештари умри худро дар ҳамон ҷо гузарондааст. Тахмин меравад, ки ӯ писари ситорашинос Фидий будааст. Архимед фаъолияти илмии худро чун механик ва техникашинос оғоз намуд. Ба Миср сафар карда, бо олимони Искандария (Конон, Эратосфен ва дигарон) робитаи илмӣ пайдо кард, асарҳои онҳоро омӯхт. Ин ба инкишофи фаъолияти илмии Архимед такони зӯр дод. Архимед ба аҳли дарбори подшоҳи Сиракуза Гиерони II наздик буд. Дар ҷанги дуюми Пунӣ Архимед мудофиаи муҳандисии Сиракузаро ташкил кард. Мошину механизмҳои ҳарбие, ки ӯ сохта буд, римиёнро аз ҳуҷуми қатъӣ ба шаҳр боздоштанд. Архимед ҳангоми аз тарафи қӯшуни Марселл ишғол кардани Сиракуза аз дасти аскари римӣ кушта шуд. Дар қабри Архимед ёдгорие гузошта шудааст, ки шакли кура ва силиндри дар атрофи он кашидашударо дорад. Мазмуни катибаи санги мазор он аст, ки ҳаҷми шаклҳои мазкур чун 2 : 3 нисбат доранд. Ин нисбатро маҳз Архимед кашф карда буд.

Архимед 
Саҳнаи қатли Архимед. Тасвири рассоми фаронсавӣ Томас Ҷорҷ соли 1815.

Пажӯҳишҳо

Мавзӯи асосии тадқиқоти математикии Архимед ҳал кардани масъалаҳо доир ба ҳисоб кардани масоҳат ва ҳаҷми ҷисмҳои гуногун буд. Аз ҷумла ӯ масоҳати эллипс ва сегменти параболаро ҳисоб кард; масоҳати конус ва кура, ҳаҷми кура ва сегменти сферавӣ, инчунин ҳаҷми ҷисмҳои дар натиҷаи дар гирди меҳвараш давр задани шаклҳои геометрӣ ҳосилшавандаро ёфт; хосияти хати каҷеро тадқиқ кард, ки сонитар бо номи спирали Архимед маъруф гардид; ҳосили ҷамъи прогрессияи геометрии беинтиҳои махраҷиаш 1/4-ро ҳисоб кард, ки дар таърихи математика нахустин мисоли қаторҳои беинтиҳо ба ҳисоб меравад. Архимед дар «Псаммит» ном асараш ба ададҳои ҳар қадар калон имконпазир будани ному ишорагузориро исбот кард. Аксиомаи Архимед (дарозии порчаи кӯтоҳи ду порчаи нобаробарро якчанд маротиба афзуда, дарозии аз порчаи дароз дарозтар ҳосил кардан мумкин аст) аҳамияти махсус дорад. Ин аксиома «мураттабияти архимедӣ» ном мафҳумро муайян мекунад, ки дар математикаи муосир мавқеи муҳим дорад. Архимед адади p=3,14…-ро хеле дақиқ ҳисоб кард ва ҳудуди носаҳеҳии онро нишон дод:

Архимед дар инкишофи механика низ саҳми бузург гузоштааст. ӯ дар яке аз асарҳои аввалинаш байни сутунҳои болор тақсимшавии вазнро тадқиқ кард. Таърифи мафҳуми маркази вазни ҷисм ва кашфи ифодаҳои математикии қонуни фишанг низ ба Архимед мансуб аст. Архимед асосгузори статика ва гидростатика мебошад (ниг. Қонуни Архимед). Ихтироъкори манҷаниқ, механизмҳои борбардор, олоти обкашӣ (винти Архимед) ва дигар механизму асбобҳост. Архимед дар астрономия низ тадқиқот анҷом додааст. Барои муайян кардани қутри намоёни (кунҷи) Офтоб (33´) асбоберо сохт ва бо ёрии он қимати кунҷи мазкурро хеле саҳеҳ ҳисоб кард (31´59´´). Асбоби механикие (сфераи холии чархзананда) ихтироъ намуд, ки бо ёрии он ҳаракати Офтоб ва панҷ сайёра, фазаҳои Моҳ, гирифти Офтоб ва Моҳро мушоҳида кардан мумкин буд. Бисёр асарҳои Архимед ба забони арабӣ тарҷума шуда, ба инкишофи илми кишварҳои асримиёнагии Шарқ (тадқиқоти Форобӣ, Берунӣ, Ибни Сино ва дигарон) таъсири калон расондаанд.

Бо номи Архимед дар Моҳ танӯра ва қаторкӯҳ, инчунин астероид гузошта шудааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Tags:

Архимед ЗиндагиномаАрхимед ПажӯҳишҳоАрхимед ЭзоҳАрхимед АдабиётАрхимедd:Q4420718d:Q8739Забони юнони қадимМатематикаЮнони Бостон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

НаврӯзБиосенозТаваррумШабакаи компютерӣВирусҳоУнсурулмаъолии КайковусҲуқуқи молумулки ҳамсаронБемориҳои сироятӣСаҳифаи аслӣСохти шумораҳоРӯзи ҒалабаИмперотурии УсмонӣСарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии ТоҷикТоҷмаҳалҚейдорГандумCSSИбора (мазмунҳо)Забони тоҷикӣМир Сайид Алии ҲамадонӣКумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабони арабӣҲуқуқи оилавӣОшобаБедилНафтМурғФирдавсӣВаколатномаИспурчВоқеаҳои кунунӣСотим УлуғзодаБарномаи компютерӣМор­фология (мазмунҳо)Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонИнформатикаШоири халқии ТоҷикистонАмволи муштараки зану шавҳарАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)ТасаввуфГули хайрӣФайласуфТабхоли узвҳои таносулБеларусҲизби ислоҳоти иқтисодии ТоҷикистонМодиёнБуҷети давлатӣЗахмБаёнотҲиҷоМӯйЗебоишиносӣЭшони АлломаҲафт муъҷизаи оламНамозДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонНерӯгоҳи барқи обии НоракҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандТаърихи Ҷумҳурии ТоҷикистонФотосинтезМир МафтунИдрокЧароғи роҳнамоНавзодISO 4217Асосҳо (кимиё)Қоидаи ҳаракати роҳҲастишиносӣИсм (дастури забон)Хати лотинӣТазкирату-л-авлиёАндоз аз молу мулки ғайриманқулЭнергияДеҳаНасируддини ТӯсӣҚандИлм🡆 More