Арабҳо

Арабҳо́ (ар.

Арабҳо
Номи қавмии ҳозира ар. عرب
Забон арабӣ
Дин ислом, масеҳият ва устурашиносии араб[d]
Ҷузъе аз Semitic people[d]
Арабҳо Парвандаҳо дар Викианбор

Густариш

Аҳолии асосии Алҷазоир, Баҳрайн, Миср, Ҷануби Саҳрои Кабир, Урдун, Ироқ, Яман, Қатар, Кувайт, Лубнон, Либиё, Мавритания, Марокаш, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Уммон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Сурия, Судон, Тунис (Ифриқия). Гурӯҳи алоҳидаи арабҳо дар мамлакатҳои Осиё (Афғонистон, Изроил, Индонезия, Эрон, Туркия, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон), Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолию Ҷанубӣ, Африка ва Австралия зиндагӣ доранд. Хаташон ба асоси алифбои арабӣ шакл гирифтааст. Шумораи умумии аҳолии арабҳо дар ибтидои садаи XXI бештар аз 200 млн нафар буда (ба ҳисоби маъхазҳои дигар беш аз 300 млн), аз ин дар Осиё 70 млн нафар, Африка 125, 2 млн нафар, Ҷануби Европа 2,5 млн нафар ва Америкаи Шимолию Ҷанубӣ 1,2 млн нафар зиндагӣ мекунанд.

Дин

Аксари эътиқодмандони мусулмон суннимазҳабанд. Ҳамчунин ҷамоатҳои насронӣ – қибтиён дар Миср, православҳо дар Лубнон, Сурия, Урдун сукунат доранд. Ҳоло эътиқодмандони дину ойинҳои қадимӣ низ мавҷуданд. Аҷдоди арабҳо аҳолии нимҷазираи Арабистон будааст.

Гурӯҳи арабҳо

Мутобиқи принсипҳои маданӣ-хоҷагидорӣ арабҳо муқимӣ, ниммуқимӣ, кӯчманчӣ ва нимкӯчӣ мешаванд. Дар водиҳо кишоварзон – фаллоҳон ба киштукор машғуланд; ғалладонагиҳо, нахли хурмо, қаҳва ва дигар зироатҳои хӯрока мепарваранд. Аксари арабҳои кӯчӣ (бадавиҳои шутуркаш) ва нимкӯчманчиянд (шавиён – гӯсфандбонҳо). Дар миёнаҳои садаи XX иқтисодиёти бадавиён касод шуд ва бархе аз чорводорон ба саноат рӯ оварданд. Минбаъд дар аксари мамолики араб шаҳрсозӣ авҷ гирифта, истеҳсолоти саноатӣ рӯ ба тараққӣ мениҳад; истихроҷи нефту дигар канданиҳои фоиданок афзун мешавад. Моликияти оилавии хусусии бадавиён чорво, чарогоҳҳои ҷамоатӣ – қабилавӣ ва манбаъҳои оби ин минтақа аст. Асоси ташаккули авлодӣ – қабилавӣ гурӯҳи оилавӣ – хешутаборист, ки ба ҷамоати аз обои ягонаи падарӣ пайдошуда мансуб аст. Якчанд ҳамин навъи гурӯҳҳо қабилаеро бо сарварии шайх ташкил медиҳанд. Муносибатҳои ҷамъиятӣ тибқи қонунҳои муқаррарӣ ва шариат танзим мешаванд.

Фарҳанг

Арабҳо 
Либоси занони араб, асрҳои IV—VI.
Арабҳо 
Либоси мардони араб, асрҳои IV—VI.

Мутобиқи шариат мардон серзананд ва ин ҳолат маъмулан хоси оилаҳои сарватманд аст. Сарварии оила ба уҳдаи марди бузургсол ё соҳибэътибори хонадон вогузор аст. Бадавиҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд ва хаймаи калонтарин моли шайхҳои ҷамоат аст, ки дар пешгоҳ ҷойгир мешавад. Хонаҳои деҳқонон – фаллоҳон чоркунҷаи синҷии сутундор буда, бомашон ҳамвор аст. Вобаста ба маҳал масолеҳи сохтмонӣ аз хишти хом, хишти пухта, похса ва санг иборат мебошад. Чунин хонаҳо ҳуҷраҳои пеш – барои мардҳо ва ҳуҷраҳои дарун барои занонро доранд.

Арабҳои Тоҷикистон

Дар ҳудуди Тоҷикистон арабҳо дар якчанд деҳаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон, ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва баъзе навоҳии дигар зиндагӣ доранд, ки аз зумраи қабилаи суриягӣ мебошанд. Онҳо забону урфу одати худро аз даст дода ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ такаллум мекунанд ва тарзи зиндагии комили тоҷикона доранд.

Эзоҳ

Адабиёт

  • Гуго Винклер, Карл Нибур, Генрих Шурц, История человечество, С.-Пб., 1909;
  • Беляев Е. А., Арабы, ислам и арабский халифат, М., 1966;
  • Марков Г. Е., Кочевники Азии: структура хозяйства и общественные организации, М., 1976.

Пайвандҳо

  • Арабы // Энциклопедия «Кругосвет».
  • Арабы. Etnolog.ru. 17 феврали 2014 санҷида шуд.

Сарчашма

Tags:

Арабҳо ГустаришАрабҳо ДинАрабҳо Гурӯҳи арабҳоАрабҳо ФарҳангАрабҳо и ТоҷикистонАрабҳо ЭзоҳАрабҳо АдабиётАрабҳо ПайвандҳоАрабҳо СарчашмаАрабҳоЗабони арабӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

АлгоритмМактабНеъмат ҚаробоевАндоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣШакли идораи давлатЗабони барноманависӣАндози ғайримустақимУмари ХайёмСаҳеҳи БухорӣЭраҷ МирзоХонии ХеваНоҳияи ДеваштичСоли 1888АвруосиёОиша бинти АбубакрҲормонНаримон БақозодаҲуқуқҳои инсонХат (навиштор)Соли 1037Ҷонишинҳои шахсӣМантиқФарҳангНомаХирсСифати аслӣҲуқуқ ба манзилSomon.tjҚобилияти ҳуқуқдорӣАломатҳои роҳИттилоотДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонДавлати ҲайтолиёнДонишномаРӯзи ҷаҳонии занонУзвҳои пешобТоҷикистон дар соли 1997Блез ПаскалМаркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонБаскетболАлоқа дар ТоҷикистонКамолуддин БиноӣКуруши БузургНоҳияи ҲамадонӣҶанги шаҳрвандӣДаромадТезгӯякПайвандак (дастури забон)АрманистонИсмҳои мураккабКӯҳFTPТоҷикистонРамзҳои давлатии ТоҷикистонМеваСоли 2020Алифбои форсӣПарандаБунёди ВикимедияСурияМуҳаммад ҒоибСаттор ТурсунДавлати ҳуқуқбунёдБемориҳои асабТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияАдабиёти бадеӣЗабоншиносӣҲуқуқФеҳристи орденҳои ИҶШСНизоми бонкии ТоҷикистонҶигарIPv6Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»🡆 More