Аккра

Аккра (англисӣ: Accra) — яке аз шаҳрҳои Африқо аст.

Пойтахти Гана аст.

Маҳалли аҳолинишин
Аккра
Аккра
Парчам
Парчам
Кишвар Аккра [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аввалин номбарӣ асри XV
Масоҳат
  • 173 000 000 м²
Баландии марказ 61 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC±00:00[d] ва ECG[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 2 388 000 тан (2017)
Забони расмӣ инглисӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 0302, 0302
ama.gov.gh
Аккра Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷуғрофия

Дар ҷануби мамлакат, дар соҳили халиҷи Гвинея ҷойгир аст.

Аҳолӣ

Аҳолиаш 2 291 352 ҳазор нафар (2012).

Саноат

Маркази саноатӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ. Бандари баҳрӣ, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Ба Аккра аввалин шуда садаи XV португалиҳо омаданд. Ин ҳудудро Дания, Нидерландия ва Британия соҳиб шудан мехостанд ва ҳар яке дар соҳил қалъаҳои мудофиавии худро месохт.

Таърих

Аккра дар атрофи ду қалъаи дар садаи XVI аз ҷониби европоиён биноёфтаи Ашер-Форт (Британия) ва Кристианборг (Дания) бунёд шудааст. Солҳои 1876 – 1957 Аккра маркази маъмурии мулки мустамликавии Британия бо номи Соҳили Тилоӣ буд. Аз соли 1957 – пойтахти давлати мустақили Гана.

Иқтисодиёт

Аккра дорои корхонаҳои саноатии (70%-и иқтидори истеҳсолӣ ин ҷо ҷойгиранд) коркарди металл, хӯрокворӣ, бофандагӣ, коркарди чӯб, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти нефту газ ва истеҳсоли доруворӣ мебошад. Аккра дар қитъа бозори машҳури фурӯши алмос ва какао ҳисоб мешавад. Дар маркази Аккра биноҳои замонавии бисёртабақа (бонкҳо, фурӯшгоҳҳои универсалӣ, маркази Стейт-ҳаус барои баргузории конференсияҳои байналхалқӣ ва ғайра) ҷой гирифта, атрофаш аз биноҳои кӯҳнасохти камтабақа иборат аст. Аккра дорои музейи миллӣ, театри драмавӣ, боғи ботаникӣ мебошад. Донишгоҳи давлатӣ дар мавзеи наздишаҳрии Легон воқеъ гаштааст. Аз ёдгориҳои меъморӣ қалъаҳои қадимии Ушер (1605, голландӣ), Ҷеймс (1673, англисӣ) ва ғайра боқӣ мондаанд.

Эзоҳ

Сарчашма


Пойтахтҳои Африқо
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде

Tags:

Аккра ҶуғрофияАккра АҳолӣАккра СаноатАккра ТаърихАккра ИқтисодиётАккра ЭзоҳАккра СарчашмаАккраАфриқоГанаЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ГулЧашмАнимизмБобунаЗарфи маконУзвҳои пешобҲизби демократи ТоҷикистонТаърихи ЭронТВ Илм ва табиатҲиссача (дастури забон)Барномаи таълимӣГармчашмаСуруди миллии ТоҷикистонНидоДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонИдҳои ТоҷикистонАдабиёти бадеӣИсоЧилахон ХоловТемурмаликНасрониёнИзомерияГули бобунаГармчашма (табобатгоҳ)КислотаМуғулистонБонки тиҷоратӣМеҳргонНизомии ГанҷавӣАспСифатГандумМир МафтунТоҷикон (китоб)РоботШайбониёнАлҷазоирАтеросклерозАзонХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМарокашВазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонХунРӯзноманигорӣАбдусалом ДеҳотӣАдабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣШаҳрҳои ТоҷикистонТобеъшавии Осиёи Миёна ба империяи РусияАллергияПешоянд ва пасояндҳо (дастури забон)ОшобаҚуръонПешояндТурсун ӮлҷабоевЭволютсияВазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёҳалафҶанги ҷаҳонии якумУнсурулмаъолии КайковусНоҳияи РаштАвестоМаданиятшиносӣСаидмурод ДавлатовРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонАбдулҳақ БетобБачадонҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»УкроинНоҳияи АйнӣИқтисоди ТоҷикистонАлифбои русӣАстағфируллоҳНавзодҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонМастона ЭргашеваСоли 2024Таълим🡆 More