2009 Филм Аватар

Аватар - Филми «Аватар», ки имрӯз дар дунё вирди забон аст, рекорди пурфурӯшии «Титаник»-ро шикаст ва дар таърихи синамои ҷаҳон ба ҷои аввал баромад.

«Титаник» дар тӯли 6 моҳ як миллиарду 843 миллион доллар ҷамъ оварда буд, фурӯши «Аватар» дар шаш ҳафта ин рақамро убур кард ва имрузҳо 2 - миллиард доллар гузашт. Бояд зикр намуд, ки ҳардуи ин филмро Ҷеймс Кэмерон коргардонӣ намудааст. Сайри «Аватар» дар синамоҳонаҳои ҷаҳон идома дорад ва ин рақами ниҳоӣ нест. Фоидае, ки то имрўз «Аватар» ба даст овардааст, аз буҷаи баъзе кишварҳои ҷаҳон бештар аст. “Аватар” дар бораи саргузашти Ҷейк Саллӣ, низомии маъюби амрикоӣ, дар сайёраи Пандора нақл мекунад. Ҷейкро ба ҷисми махлуқи дар озмоишгоҳ офаридашуда пайваст мекунанд ва ӯ ба Пандора меравад. Пандора хонаи қавме бо номи Нави аст, ки онҳоро як ширкат ба хотири заҳоири табиӣ мехоҳад аз сайёраашон берун кунад ва нобуд созад. Қаҳрамони филм дар он ҷо ба духтари сардори қабила ошиқ шуда, ба ҷониби сокинони он сайёра мегузарад.

Аватар
англ. Avatar
Постери Филм
Жанр илмӣ-тахаюллӣ[d], филми экшн, моҷароҷӯӣ, фантастикаи ҷангӣ[d] ва филми тасвирӣ бо ҳунармандони зинда[d]
Коргардон
Таҳиякунанда
Муаллифи
филмнома
Наворбардор
Оҳангсоз
Ширкати синамоӣ
Давомнокӣ
Буҷет 237 000 000 $
Ҳазина 2 847 379 794 $, 760 507 625 $ ва 93 442 625 £
Мамлакат
Забон
Сол 18 декабр 2009, 18 декабр 2009, 17 декабр 2009, 17 декабр 2009, 16 декабр 2009 ва 22 сентябр 2022
Филми баъдӣ Аватар 2[d]
IMDb ID 0499549
Сайти расмӣ(англ.)
2009 Филм Аватар
Ҷеймс Кэмерон - коргардон ва муаллифи филм

Аксари мунаққидони синамо бар он ақидаанд, ки «Аватар» барои Ҷеймс Кэмерон на камтар аз «Титаник» ҷоизаҳои байналмилалиро хоҳад овард. «Аватар» аллакай ду ҷоизаи Глобуси тилоӣ-ро (англисӣ Golden Globes) гирифтааст ва моҳи оянда ҷоизаҳои зиёдеро дар озмуни Ҷоизаи Оскар касб хоҳад кард. Филме, ки бо гаронтарин хароҷот дар таърихи синамо, яъне 300 миллион доллари амрикоӣ ба навор гирифта шудааст, дар саросари ҷаҳон шӯреро барангехтааст. Масалан, дар Чин исми кӯҳеро «Аватар» гузоштаанд. Мақомоти ин вилояти чинӣ фикри ҷолиб кардаанд, зеро фаҳмидаанд, ки Пандора барои сайёҳон дур аст, вале ин кӯҳ наздику дастрас.

Мутахассисони соҳаи синамо пешгӯӣ мекунанд, ки филми “Аватар”-и коргардони шинохта Ҷеймс Кэмерон аз ҳама бештар пайкараҳои тилоии Оскарро соҳиб хоҳад шуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин нишондодҳои беназир “Аватар” барои гирифтани пайкараҳои Оскар бо рақобати ҷидди рубару хоҳад шуд. Рақиби аслии вай, филми собиқ ҳамсари Ҷеймс Кэмерон хонум Кетрин Бигелоу - “Хӯҷаини ғубор” хоҳад шуд, ки низ дар 9 бахш ба Ҷоизаи Оскар пешбарӣ шудааст ва боз филмсозони зиёде ҳастанд, ки бо ин ду филмсоз рақобат хоҳанд кард. Аъзои Академияи синамои Амрико барои ҳар номзад овоз медиҳанд ва маросими эълони ғолибон ва супоридани пайкараҳои тилоии “Оскар” 7 март дар Лос-Анҷелес баргузор мегардад. Ҷеймс Кэмерон барои фароҳам шудани имконоти фаннии филми “Аватар” даҳ сол мунтазир монд, аммо саранҷом филме арза кард, ки муваффақияти беназир ба ҳамроҳ овард. Бахусус, ду омил муваффақияти “Аватар”-ро тазмин кард: яке боло рафтани қимати билети синамо дар Амрико ва дигар қимати изофӣ барои айнакҳои секунҷӣ. Ҷеймс Кэмерон, марде, ки дар як даҳсола ду пурфурӯштарин филми ҷаҳонро сохтааст, гуфтааст, ки қисми дуввуми «Аватар»-ро низ бо Сэм Уортингтон, ҳунарманди австралиягӣ, ба навор хоҳад гирифт. Пешгӯӣ мекунанд, ки қисми дуюми филм соли 2020 ба навор мебарояд.

Интервю аз Ҷеймс Кэмерон

Дар оғоз мехостам дар бораи ба вуҷуд омадани сенарияи филм маълумот диҳам. Ин сенарияро 14 сол пеш навишта будам. Дар он замон дар кино кампанияии Тӣ Ҷидалдамен ба ҳайси директории иҷроя фаъолият доштам ва ба коргардонҳои ин студия сенарияи филми Аватарро пешниҳод кардам баъди хондани сенария онҳо ба чунин хулоса/ақидае омаданд, ки ба наворгирии ин гуна филм хеле душвор аст. Аз як ҷиҳат маблағи зиёдро талаб мекунад ва аз ҷиҳати дигар мо ин гуна техналогияро надорем ва метавонад студияи моро ба муфлисшавӣ расонад. Баъди ин ман сенарияи худро дар як ҷевони дур партофтам, ки муддати 10 сол зери чангу хок хобид. Дар гузашти вақт технология хел пеш рафт ва ба воситаи графикҳои компютери имкон пайдо шуд, ки ҳар гуна одамҳо ва ҳайвонҳои аҷоибро бисозанд ба монанди филми «Арбоби ҳалқаҳо». Ва ман ба акидае омадам, ки вакти он расидааст сенарияро аз ҷевон берун орам. Ман 4 сол пеш корро аз руи сенарияи Аватар шурӯъ намудам. Сараввал мо дизайни сайёраи Пандора ва рустанию ҳайвонот ва табиати аҷиби онҷоро сохтем, ки ҳамаи ин якуним солро дар бар гирифт. Воқеаҳое, ки дар ин филм иникос ёфтаанд ба асри 22 таалуқ доранд ва ҳамаи ин дар сайёраи Пандора рух медиҳад. Табиати Пандора ниҳоят зебо ва рангин аст ва дар онҷо бисёр рустаниҳои аҷоиб мерӯянд, ки дарахтонаш 30 метр қад доранд, ҷонваронаш хеле бадҳайбатанд. Дар Пандора қабилаи Нави зиндагӣ мекунанд. Онҳо ба одамон монанд, қадашон ба 3 метр мерасад дар баробари ин дум ҳам доранд ва дар танашон ба мисли паланг рахҳои кабуд мавҷуд аст. Аватарҳо аз силоҳҳои бисёр сода истофода мебаранд, монанди тиру камон. Мо ба ҳамаи ин мукшилиҳо нигоҳ накарда дар муддати 4 солу 7 моҳ филми Аватарро ба анҷом расонидем ва пешкаши тамошобинон гардонидем.

Дар нақшҳои филм

Ҳунарпешаҳои филми «Аватар», нигаред аз чап ба рост : Сэм Уортингтон, Зои Салдана, Сигурни Уивер, Стивен Лэнг, Мишель Родригес, Джованни Рибизи, Джоэль Мур, Си Си Эйч Паундер и Лаз Алонсо

Эзоҳ

Tags:

ТитаникҶеймс Кэмерон

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Нусратулло МахсумДонишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии ТоҷикистонҲуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии ТоҷикистонҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣЗахмМактабҳои усули куҳнаОшобаБадоеъу-л-вақоеъВола, АбдулҳақТоҷикистонТемуриёнЛаппишҲусайн Воизи КошифӣОмударёАфғонистонМонавияНаврӯзСайнак СайнаковЭлектроникаНомгӯйи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонРагҳои хунГулдӯзӣАдабиёти тоҷик дар садаи ХХНоҳияи ЁвонГумрукИёлоти Муттаҳидаи АмрикоОсиёи Ҷанубу ШарқӣШахсКамхунӣҚуръонҶашни СадаЗайниддин ЗулфиқоровМиралии ТабрезӣГулАфриқоРаҳматулло РауфовДонишгоҳи давлатии БохтарМедали «Хидмати шоиста»АмрикоТабиатҶонишинҳои таъйинӣСӯхтагӣКонвенсияи ҳуқуқи кудакҚаҳҳор МаҳкамовҶанги Бузурги ВатанӣФотосинтезДарёҳои ТоҷикистонВарзиши сабукТуркманистонТемурЗабонКотибии ТуршезӣСурайё ҚосимоваАлифбои тоҷикӣKFCҶанги шаҳрвандии Тоҷикистон.cgНақлиёт дар ТоҷикистонЧистонҲокимияти сиёсӣҲайзҚаҳрамони ТоҷикистонСотим УлуғзодаЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадҚитъаМаснавии маънавӣҚонунАкти таслими Олмони фашистӣАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)Китоби МуқаддасИммунитетДавлати СомониёнБободархон (деҳа, н. Ашт)Абдулмӯъмини ҲофизШабакаи компютерӣМамнӯъгоҳи табиӣТағйирпазирии ирсӣТирукамон🡆 More