Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа

Windows (аз англ. — «равзана», кутаҳ. Win) — маҷмӯъи системаҳои амалиётии ширкати Microsoft, ки дар асоси истифодаи интерфейси графикӣ амал мекунад.

Microsoft Windows
Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа
Тавсеъадиҳанда Microsoft
Аввалин барориш 20 ноябр 1985
Охирин нусха
Охирин нусхаи санҷишӣ
Пуштибонии платформаҳо ARM architecture[d], IA-64[d], MIPS architecture[d], DEC Alpha[d], PowerPC[d] ва x86[d]
Интерфейс Windows Runtime[d], Windows API[d], .NET Framework[d], Universal Windows Platform[d], .NET Compact Framework[d], .NET[d], Windows Forms[d] ва Windows Presentation Foundation[d]
Иҷозатнома proprietary license[d]
Пешгузашта MS-DOS[d]
Веб-сайт windows.com(англ.)
Microsoft Windows: гурӯҳи Викимедиа Парвандаҳо дар Викианбор

Дар айни ҳол зиёда аз 90 дарсади компютерҳои инфиродӣ бо системаи амалиётии Microsoft Windows кор мекунанд Дар ин система ҳар як барнома дар экран дохили равзанаи хеш тасвир шуда, тавассути унсурҳои он идора ва иҷро мешавад. Вариантҳои Windows 3.1. ва Windows 3.11 қабатҳои амалиётии графикӣ ном дошта, пеш аз ба кор оғоз карданашон бояд системаи амалиётии MS-DOS ба кор шурӯъ кунад.

Намудҳои Windows 95, Windows 98, Windows NT, Windows 2000, Windows ХР ва Windows Mе системаҳои амалиётии мустақил дошта, бевосита ба кор шурӯъ мекунанд. Вариантҳои ояндаи Microsoft Windows аз вариантҳои қаблӣ мукаммалтар, хотираашон зиёд, реҷаи муҳофизаташон мукаммал, вазифаҳояшон васеътар буда, дар онҳо функсияҳои мултимедиягӣ илова мешаванд. Рақамҳои ин системаҳо соли пайдошавии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, Windows 98 соли 1998 сохта шудааст. Кор бо ҳама вариантҳои Windows аз системаи амалиётии MS-DOS осону муносибтар аст. Microsoft Windows барои ҳамаи барномаҳои худ муҳити ягонаи корӣ (интрефейс)-ро таъмин мекунад. Маҷмӯи Windows NT аз Miсrosoft Windows XP иборат буда, системаҳои амалиётии 32 ва 64-битӣ мебошанд ва ба MS-DOS ҳатто барои корандозӣ эҳтиёҷ надоранд. Танҳо оилаи мазкури Microsoft Windows барои серверҳо (шабакаҳо) системаҳои амалиётӣ дорад.

Маҷмӯи системаи амалиётии компютерҳои ҷайбии Windows СЕ махсус барои афзори мобилӣ сохта шудаанд. Бархилофи дигар системаҳои амалиётии Microsoft Windows системаи амалиётии оилаи мазкур як ҷо бо афзори тайёр, ба монанди смартфонҳо, компютерҳои ҷайбӣ, GPS-навигаторҳо, MP3-садодиҳандаҳо ва ғ. фурӯхта мешавад.

Маҷмӯъи системаҳои амалиётии Windows Embedded ба системаҳои амалиётии вақти воқеӣ мансуб буда, махсус дар дохили системаҳо сохта шуда, онҳоро якҷо бо афзори тайёр, ба монанди банкоматҳо, афзори тиббӣ, ҳавонавардӣ, терминалҳои пардохтқабулкунӣ, роботҳо, автоматҳои бозӣ ва ғ. мефурӯшанд.

Эзоҳ

Адабиёт


Пайвандҳо

Tags:

MicrosoftЗабони англисӣ

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Бемориҳои асабАфлотунҚоидаи ҳаракати роҳВладимир ЛенинАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонЮнонРубоиёти ХайёмДинНизомии ГанҷавӣБомдод (намоз)Арабистони СаудӣНазмИсфараХати мехӣБемории панкреатитНасрОбЗабони форсӣДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонISO 4217Давлати дунявӣМушхор (ҷинси рустанӣ)Функсияҳои тригонометрӣСоли 1037Феъл (дастури забон)ИнтернетТрансформаторБемориҳои пӯстВавилон-МобайлАбулқосим Фирдавсӣ. «Шоҳнома» (Дастхат)БобунаҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»УқобМошинсозӣАлюминийТуркияДрама (ҷинси адабиёт)АмрикоЗабони арабӣНазарияи нисбияти омПодшоҳии юнонии БохтарҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандАввалин Бонки Молиявии ХурдСоли 1772ИнсонБлогНосири ХусравСарезСаратонВазоратҳои Ҷумҳурии ТоҷикистонҲизби ислоҳоти иқтисодии ТоҷикистонШӯриши АбумуслимДарахтВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии ТоҷикистонЗабони англисӣВарзиши сабукҲамадонХадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонГазИқтисоди ТоҷикистонАмрикои ЛотинӣИсмҳои танҳо ва ҷамъДулонаШаҳрҳои ТоҷикистонНоҳияи ЗафарободАндозТасаввуфБобоҷон ҒафуровВарзишПрезиденти ТоҷикистонДарёҳои ТоҷикистонТемуриёнЧилахон ХоловХаргӯшБюрократияИдҳои Тоҷикистон🡆 More