Хонавода (форсӣ: خانواده), оила (ар.
العائلة) — хурдтарин воҳиди иҷтимоъӣ, ки шомили падар, модар ва фарзандони онҳост
Ташвиқ ба ташкили оила:
Оила, зуҳуроти иҷтимоию ҳуқуқист. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таърифи ҳуқуқии оила дода нашудааст, вале дар истинод бо нуқтаи назари мухталиф таърифи оиларо ба тариқи зайл додан мумкин аст: оила иттифоқи озод, ихтиёрона, баробарҳуқуқ ва чун қоида якумраи зану шавҳар аст, ки ба муҳаббату эҳтироми тарафайн бо мақсади ташкили оила барои тавлид ва тарбияи фарзандон асос ёфта, бо риояи ҳама шартҳои дар қонун зикршуда ва умумияти маънавӣ ва хоҷагӣ, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро байни аъзои оила ба вуҷуд меорад ва дар ҳифзи давлат мебошад.
Вазифаҳои асосии оила репродуктивӣ, тарбиявӣ, хоҷагидорӣ (иқтисодӣ), маънавияти ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии моддӣ мебошад.
Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 ноябри соли 1998) Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунҳои оила чунин омадааст:
" Қонуни оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
This article uses material from the Wikipedia Тоҷикӣ article Хонавода, which is released under the Creative Commons Attribution-ShareAlike 3.0 license ("CC BY-SA 3.0"); additional terms may apply (view authors). Муҳтаво таҳти иҷозатномаи CC BY-SA 4.0 ва ё дигар дастрас аст. Images, videos and audio are available under their respective licenses.
®Wikipedia is a registered trademark of the Wiki Foundation, Inc. Wiki Тоҷикӣ (DUHOCTRUNGQUOC.VN) is an independent company and has no affiliation with Wiki Foundation.