Соли 2021

Соли 2021 (ду ҳазору бисту якум) дар гоҳшумории мелодӣ — насоли кабиса, оғоз дар рӯзи ҷумъа.

Ин 2021 соли даврони ҳозир, 21 соли ҳазораи 3, 21 соли садаи XXI, 1 соли даҳаи 3 садаи XXI, 2 соли даҳаи 2020-ум.

декабри соли 2021

  • 24 декабр Дар 30 соли ҳамкорӣ Амрико дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, таъминоти оби тоза, маориф, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллари америкоӣ кӯмак намудааст. Дар ин бора сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар медиҳад..
  • 21 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии кишвар солҳои 2022-2026-ро панҷсолаи рушди саноат эълон намуда, дастур дод, ки беш аз 500 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода, даромади аҳолӣ ду баробар зиёд карда шавад..
  • 21 декабр Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии кишвар асосан дар мавриди боло бурдани маош, ислоҳоти маориф, норизоятӣ аз сатҳи забондонии кадрҳо, иқтисоди сабз, рушди саноат, ҳуши сунъӣ ва хиёнат накардан ба миллату давлат суҳбат кард..
  • 16 декабр ЮНЕСКО - Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ворид гардидани номинатсияи «Фалак» -и тоҷикиро ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон намуд..
  • 13 декабр Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми ҷаҳон миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нефт” сазовори медали тилло шуд..
  • 8 декабр Ба ҳолати 1 октябри соли 2021 ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ. Таносуби қарзи хориҷӣ ба МДД 38,2%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди иҷозашуда - 40%. Дар сохтори қарзи беруна 96,4% ба “қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукуматро таъмин мекунад”. Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷалб шудаанд..

ноябри соли 2021

  • 30 ноябр Лионел Месси футболбози маъруфи собиқи бошгоҳи Барселона ва муҳоҷими кунунии аргентинии бошгоҳи Порис Сент-Жермен (ПСЖ) барои ҳафтумин бор баранди ҷоизаи Тӯби тиллоӣ шуд ва унвони беҳтарин футболбози солро ба даст овард. Ин ҷоизаро ҳамасола маҷаллаи "Франс Футбол"-и Фаронса барои беҳтарин бозигари сайёра эҳдо мекунад..
  • 29 ноябр Ҳукумати ВМКБ аз поёни эътирозҳои 4-рӯза хабар дода, мегӯянд миёни намояндагони эътирозагрон ва тими гуфтушуниди ҳукумати вилоят тавофуқоте ба даст омадааст.
  • 18 ноябр Қасри президент дигар дар 100-сомона нест, ҷойашро Кохи Наврӯз гирифт .
  • 15 ноябр Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рӯйхати маҳсулоти озуқавориро чоп кард, ки ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти дохилии худро бо онҳо пурра қонеъ гардонда метавонад. Ҳиссаи орду гандум дар ҳаҷми умумии воридоти Тоҷикистон дар зарфи 9 моҳи соли равон 6%-ро ташкил додааст. Тӯли 9 моҳи соли 2021 дар дохили кишвар 854 ҳазор тонна гандум истеҳсол шудааст, ки 0,9% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мебошад..

октябри соли 2021

  • 29 октябр Дар Душанбе дафтари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кушода шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд. Аҳмад Масъуд дар шимоли Афғонистон Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро таъсис дод, ки эътилофи шӯришии қавмии зидди «Толибон» аст .
  • 23 октябр "Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон" бо ҳузури чеҳраҳои сиёсӣ чун Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ, Ато Муҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Муҳаққиқ ва чанде шахсиятҳои сиёсии дигар эъломи мавҷудият кард..
  • 15 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳрванадони кишварро бо ҷашни бостонии Меҳргон табрику таҳният гуфт. Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаааст..
  • 12 октябр Дар Агентии омори назди Ҳукумати ҶТ муаррифии натиҷаи пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардид. Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли 2020 аҳолии Тоҷикистон 9 млн 661 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ мардҳо 4 млн 901 ҳазор нафар ва занҳо 4 млн 760 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 2 млн 528 ҳазор нафар ё 26,2%-и аҳолӣ шаҳрнишин ва 7 млн 133 ҳазор нафар ё 73,8%-ро аҳолии деҳот ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010-ум 2 млн 097 ҳазор нафар ё 27,7% зиёд шудааст...
  • 5 октябр Шумори қурбониёни коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ба зиёда аз 5 млн нафар расида, дар ҳамин ҳол, нисфи онҳо дар муддати камтар аз ҳашт моҳ фавтидаанд, хабар медиҳад Reuters..

сентябри соли 2021

  • 17 сентябр Дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон ба кор оғоз намуд. .
  • 15 сентябр 15 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амниятии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид..
  • 13 сентябр Аз оғози пандемия дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 17 ҳазору 84 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус сабт шуда, то имрӯз 16 ҳазору 953 нафари онҳо аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Шумори умумии фавтидагон аз ин беморӣ 124 нафарро ташкил медиҳад..
  • 13 сентябр Ба ҳолати ҷорӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 2 млн 168 ҳазору 537 нафар (37,2%) нафар шаҳрвандони синни аз 18-сола болои мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд.
  • 10 сентябр Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии пуршукӯҳи осоишта доир гардид, ки дар он зиёда аз 30 ҳазор нафар кормандони вазорату идораҳо, афроди касбу кори гуногун, омӯзгрону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва сокинони пойтахт иштирок карданд.Суратгузориши ҷолибу диданӣ аз ин чорабинӣ..
  • 7 сентябр Толибон ҳукумати худро дар Кобул бо баргузор кардани як нишасти хабарӣ эълон карданд. Бар асоси эъломия Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзодаи 55-сола роҳбари олии Толибон эълон шуд. Мулло Муҳаммад Ҳасан Охнуд сарпарасти ҳукумати Толибон ё сарпарасти Раёсати вузаро таъин шудааст..

августи соли 2021

.

июли соли 2021

июни соли 2021

  • 25 июн Барандагони Ҷоизаҳои адабии ба номи Айнӣ ва Турсунзода дар соли 2021 муайян шуданд. .
  • 23 июн Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ва беш аз 64 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст. Дар муқоиса бо ҳафт рӯзи пешин сатҳи беморӣ 6% ва фавт — 12% коҳиш ёфтааст, хабар додааст ТАСС имрӯз, 23 июн бо истинод ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ)..
  • 19 июн Дар интихобот ба мансаби президентӣ дар Эрон собиқ прокурори генералӣ ва роҳбари кунунии мақомоти судии Эрон Иброҳим Раисӣ пирӯзӣ кард..
  • 18 июн Маҷмаи Умумии СММ Антониу Гутерришро бори дуввум Дабири кулли созмон таъйин кард: муҳлати навбатии ӯ дар ин вазифа аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 мебошад..
  • 16 июн Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид
  • 16 июн Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 177 418 269 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 3 838 600 нафар фавтиданд, 161 866 135 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 11 713 534 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро Дунёгирии COVID-19 фаро гирифтааст: шаҳрвандони — ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса, Русия, Туркия, Бритониёи Кабир, Италия, Испания, Олмон, Аргентина, Лаҳистон, Колумбия, Мексика, Эрон, Украина, Перу, Индонезия, Чехия, Африқои Ҷанубӣ, Нидерландия, Канада, Чили, Ироқ , Руминия, Филиппин, Шветсия, Белгия дохил шудаанд.
  • 12 июн 11 июни соли 2021 Чемпионати ЕВРО-2020 оид ба футбол оғоз гардид./Бо бозӣ байни дастаҳои Туркия ва Италия дар гурӯҳи "А" рақобатҳои деринтизори Евро-2020 оғоз шуданд. Натиҷаи бозӣ: Туркия — Италия — 0:3 (0:0).
  • 11 июн Ҷудокори (дзюдо) маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни - 90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид..
  • 10 июн Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.
  • 7 июн Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон, ки 4-6 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори 22 медал – 4 тилло, 9 нуқра, 9 биринҷӣ шуданд.
  • 3 июн Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

майи соли 2021

  • 30 май Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид
  • 28 май Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон (аз 1 сентябри соли 2021), ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад.
  • 20 май Мамнуъгоҳи табиии «Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.

апрели соли 2021

Марти соли 2021

феврали соли 2021

  • 27 феврал Омори сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон 13 308 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди шифо ёфтагон ба 13 218 нафар ва теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ ба 90 нафар расид
  • 27 феврали соли 2021 Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумораи умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 113 991 689 нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 2 529 421 нафар фавтиданд, 89 544 725 нафар шифо ёфтаанд, ва то ҳол дар ҷаҳон 21 917 543 ба ҳамин сироят гирифторанд. Кишварҳое ки зиёда аз як миллион нафарро COVID-19 фаро гирифтааст, шаҳрвандони — ИМА (29 136 912 нафар), Ҳиндустон (11 079 979 нафар), Бразилия (10 457 794 нафар), Русия (4 223 186 нафар), Бритониёи Кабир (4 163 085 нафар), Фаронса (3 712 020 нафар), Испания (3 188 553 нафар), Италия, Туркия, Олмон, Колумбия, Аргентина, Мексика, Лаҳистон, Эрон, Украина, Африқои Ҷанубӣ, Перу, Индонезия, Чехия, Нидерландия дохил шудаанд.
  • 26 феврал Дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) "Ҳисоботи технология ва инноватсия 2021" аз чоп баромад. Аз ҷиҳати омодагӣ ба рушди технологияҳои пешрафта, Тоҷикистон дар байни Тимури Шарқӣ ва Иттиҳоди Қамар ҷойгир аст ва дар байни 158 кишвари дар рейтинг зикршуда ҷои 143-ро ишғол мекунад. Аз кишварҳои ИДМ Русия дар ҷои 27, Беларус дар ҷои 59, Қазоқистон дар ҷои 62, Арманистон дар ҷои 83, Озарбойҷон дар ҷои 100, Қирғизистон дар ҷои 115 мебошанд.
  • 26 феврал Пас аз натиҷаҳои соли гузашта, Тоҷикистон ҳаҷми қарзи хориҷии худро зиёд кард. Дар аввали моҳи январи соли 2021 ин рақам 3,2 миллиард доллар буд. Бояд қайд кард, ки ин 43,8 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ (ММД)-ро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои ҳар як шаҳрванди кишвар 339 доллар рост меояд.
  • 19 феврал Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар нишасти матбуотии солонаи вазорат фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Гуфта шуд, ки то январи соли 2021, ҳамагӣ 72 ширкатҳои саноатӣ номнавис шудаанд. 30 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», 25 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», 11 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», 5 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ва 1 субъект дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кулоб”.
  • 15 феврал Мувофиқи маълумоти БМТ, давоми соли 2020 барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт: шумораи умумии кортҳои аз ҷониби бонкҳои ватанӣ баровардашуда то охири соли 2020 зиёда аз 3,2 миллион ададро ташкил дод. То ҳолати 31 декабри соли 2020 шумораи банкоматҳо ва терминалҳои электронӣ дар Тоҷикистон мутаносибан, ба 1281 ва 5710 адад расидааст. Шумораи банкоматҳо давоми соли 2020 ба миқдори 403 адад ва шумораи терминалҳои электронӣ — 362 адад зиёд шудааст.
  • 4 феврал Дар Тоҷикистон шумораи гӯсфандони кӯҳӣ (архар ё «Марко Поло») ба беш аз 26 ҳазору 480 сар расидааст. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, саршумораи бузҳои пармашох беш аз 2,7 ҳазор сар, гавазни бухороӣ — аз 500 то 520 сар, бабрҳои барфӣ то 300-350 сар ва хирсҳои бӯр — то 800 сар зиёд шудааст.

январи соли 2021

Зодрӯзҳо

Бознигаред: Гурӯҳ:Зодагони соли 2021

Даргузаштҳо

Бознигаред: Гурӯҳ:Даргузаштагони соли 2021

Нигаред низ

Эзоҳ

Tags:

Соли 2021 декабри соли 2021Соли 2021 ноябри соли 2021Соли 2021 октябри соли 2021Соли 2021 сентябри соли 2021Соли 2021 августи соли 2021Соли 2021 июли соли 2021Соли 2021 июни соли 2021Соли 2021 майи соли 2021Соли 2021 апрели соли 2021Соли 2021 Марти соли 2021Соли 2021 феврали соли 2021Соли 2021 январи соли 2021Соли 2021 ЗодрӯзҳоСоли 2021 ДаргузаштҳоСоли 2021 Нигаред низСоли 2021 ЭзоҳСоли 2021Даҳаи 2020 (мелодӣ)Садаи XXIҶумъа

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Ҷалол ИкромӣВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонАҳолии ТоҷикистонПучакҶӯрабек НазриевБемориҳои кӯдаконСанъати меъмории халқи тоҷикАмир ОлимхонДонишгоҳи БостонНизомии ГанҷавӣАфюнТақсимоти маъмурии ТоҷикистонСохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии ТоҷикистонҲабиб АҳрорӣПуркунандаГардиши моддаҳо дар табиатМубтадоҶанги ҷаҳонии дувумКалимасозӣБаргТезгӯякИттилоотСоҳиб ТабаровМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонФеҳристи паррандагони Китоби сурхи ТоҷикистонТаърихи ТоҷикистонМеҳриниссо БобобековаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонМантиқБуҷети давлатӣУқёнуси ОромДмитрий МенделеевСаҳифаи аслӣВикиманияНавзодБухороРустам ЛатифзодаИттиҳоди АврупоКӯлҳои ТоҷикистонГулшан (ансамбли эстрадӣ)Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории ТоҷикистонМатлубахон СатториёнФизикаи квантӣТасаввуфСармоягузорӣБаскетболҲахоманишиёнШумораҲуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандАмрикои ШимолӣФурӯпошии ИҶШСДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди ТоҷикистонФарҳанги луғатКислотаГази табиӣИсмоилияИқболи ЛоҳурӣСардор БердимуҳаммадовДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентФайласуфИҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонШириншо ШотемурТоҷикистонСифатМастона ЭргашеваҶумҳурии Исломии Афғонистон24 августАҳроми МисрАбдураҳмони МушфиқӣЗакотАврупоДастгоҳи иҷроияи Президенти ТоҷикистонApple Inc.ИлмМучал🡆 More