Кимиё

Кимиё(ар.

Кимиё - яке аз соҳаҳои илмҳои муҳим ва васеътарини табиатшиносӣ, илме, ки моддаҳо, инчунин таркиб ва сохтор, хосиятҳои онҳоро вобаста ба таркиб ва сохтор, табдили онҳо, ки боиси тағирёбии таркиб мегардад - реаксияҳои кимиёчунинвӣ, инчунин қонунҳо ва намунаҳое, ки ин дигаргуниҳо ба онҳо итоат мекунанд.

Кимиё таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро муайян менамояд. Таркиби сифатӣ нишон медиҳад, ки моддаи додашуда аз кадом элементҳои кимиёӣ иборат мебошанд. Таркиби миқдорӣ бошад, дар кадом таносубҳои миқдорӣ мавҷуд будани элементҳои моддаҳоро нишон медиҳад. Масалан, молекулаи об сифатан аз атомҳои ҳидроген ва оксиген иборат аст. Ин молекула миқдоран бошад, аз ду атоми ҳидроген ва як атоми оксиген таркиб ёфтааст. Таркиби сифатӣ ва миқдории модда дар натиҷаи таҳлили кимиёӣ муайян карда мешавад.

Кимиё инчунин сохтори моддаҳоро муайян карда, ба тартиби ҷойгиршавии атомҳо ва ё гурӯҳҳои амалкунанда дар фазо нисбат ба якдигар рӯшанӣ меандозад.

Кимиё хосиятҳои физикӣ ва кимиёии моддаҳоро меомўзад. Намуди зоҳирии моддаҳо, ҳолатҳои агрегатии онҳо, дамои ҷўшиш ва гудозиши моддаҳо, гармӣ- ва ҷараёнгузаронии онҳо бо хосиятҳои физикии моддаҳо мансубанд. Ба хосиятҳои кимиёӣ бошад, қобилияти ба дигар моддаҳо табдилёбии моддаҳои кимиёӣ мансуб мебошад.

Кимиё ба бахшҳое тақсим мешавад, ки онҳо бо вазифаҳо ва усули кори худ аз ҳамдигар тафовут дошта, вале байни якдигар алоқаманд ва дорои соҳаҳои ҳаммарзӣ мебошанд.

Кимиёро шартан ба бахшҳои асосии зайл тақсим мекунанд:

  • кимиёи ғайриузвӣ,
  • кимиёи узвӣ,
  • кимиёҳои назарӣ, умумӣ, физикӣ ва коллоидӣ,
  • термокимиё,
  • электрокимиё,
  • фановарии кимиёӣ,
  • кимиёи таҳлилӣ,
  • кимиёи маводӣ,
  • биокимиё ва ғайра.
  1. Кимиёи ғайриузвӣ элементҳо ва мураккаботи (пайвастҳо) онҳоро (ба ҷуз мураккаботи дорои атоми карбон, ки онҳоро кимиёи узвӣ меомӯзад) меомӯзад.
  2. Кимиёи узвӣ мураккаботи карбонро меомўзад (ба ҷуз оксидҳои карбон, тезоби карбон ва намакҳои он, карбидҳо, сианидҳо, роданидҳо ва баъзе дигар мураккаботи карбон).
  3. Кимиёҳои назарӣ, умумӣ ва физикӣ сохти моддаҳо, ҳодисоти физикӣ ва қонунияти гузариши таомулҳои кимиёиро меомўзад.
  4. Термокимиё табдилёбии энергияро зимни таомулҳои кимиёӣ меомўзад.
  5. Фанноварии кимиёӣ равандҳои истеҳсолиеро меомўзад, ки дар онҳо таомулҳои кимиёӣ мегузаранд.
  6. Электрокимиё алоқамандии байни таомулҳои кимиёӣ ва ҳодисоти электрикиро меомўзад.
  7. Кимиёи таҳлилӣ таркиби сифатӣ ва миқдории моддаҳоро меомўзад.
  8. Биокимиё гузариши равандҳои кимиёиро вобаста аз омилҳои гуногун дар узвиёти зинда меомўзад.

Нигаред

Сарчашма

  • Сафиев Ҳ.С. ва диг. Химия дар қоидаҳо, таомулҳо, аксҳо ва нақшаҳо Душанбе, 2004

Tags:

Забони арабӣЗабони юнони қадим

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

ӮзбекистонҶашни СадаБемории қандАдабиётшиносӣМаликушшуаро БаҳорҚасри МиллатАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонНоҳияи РаштФеҳристи орденҳои ИҶШСҶиноятЗиндагиномаи ҳазрати МуҳаммадВаколатномаБедонаМантиқҚувваҳои мусаллаҳи ТоҷикистонҲизби халқии демократии ТоҷикистонНидоАмрикои ШимолӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонОлами набототи ТоҷикистонҶуғрофиёКумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонДилМизоҷ (равоншиносӣ)ЭкологияДавлати ҲайтолиёнНоҳияи Кӯҳистони МасчоХизмати давлатӣЛонаКалимаҳои забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтВараҷаМухобиротНависандаСарезФеҳристи мамнуъгоҳҳои ТоҷикистонАвстралияТақсимоти маъмурии ТоҷикистонТоҷикон (китоб)Иқтисоди ТоҷикистонИбора (дастури забон)ҒуриёнЛоиқ ШералӣИслом дар ТоҷикистонБачадонМеталлургияи рангаРақобатАлишер НавоӣВотиконИттилоотҲисорҲуқуқи молиявӣОбДинАқиқаВазорати фарҳанги Ҷумҳурии ТоҷикистонМанғитияФарзонаи ХуршедБозор СобирДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин АйнӣДаромадСотим УлуғзодаТахачКӯлҳои ТоҷикистонХунСиёсати хориҷии ТоҷикистонШартномаи меҳнатӣФарҳанги забони тоҷикӣРомани ҒуломонҶумҳурии Шӯравии Сотсиалистии ТоҷикистонҶумлаДулонаИсм (дастури забон)ЗаминИспурчКайҳоншиносӣ🡆 More