Youtube

YouTube (аз англ. you «ту, шумо» + tube «лӯла» = «телек» жарг.

YouTube
Навъ video streaming service[d], видеохостинг, user-generated content platform[d] ва online community[d]
Таъсисёбӣ 14 феврал 2005
Бунёнгузорон Стивен Чэн, Ҷовид Карим ва Чад Ҳарлӣ[d]
Бахш соҳаи интернетӣ[d] ва видеохостинг
Шумораи кормандон
  • 2 000 тан (2019)
Сайт youtube.com(англ.)

Ин сайт ба корбарон иҷозаи боргузорӣ, мушоҳида ва иштирокгузории видео ва бо истифода аз технологяи Adobe Flash видео ва HTML5 анвои видеоҳои монанди клипҳои филм, клипҳои телевизион ва клипҳои мусиқӣ ва ҳам чунин видеоҳои веблогҳо, видеоҳои аслии кӯтоҳ ва видеоҳои омӯзиширо намоиш медиҳад. Ин вебгоҳ қобилияти пуштибонӣ аз видеоҳои себуъдӣ ва анаглифро дорад ва бо форматҳои мухталифе аз ҷумла флеш видео созгорӣ дорад.

Таърих

YouTube тавассути Чад Ҳарлӣ, Cтивен Чен ва Ҷовид Карим ба вуҷуд омад, ки ҳар се аз кормандони ширкати PayPal буданд. Ҳарлӣ дар донишгоҳ Индиана дар Пенсилвания дарси тарроҳӣ мехонд дар ҳоле, ки Чен ва Карим дар донишгоҳи Иллинойс дар Урбоно дониши компютерро мавриди мутолиа қарор дода буданд.

Онҳо пас аз муваффақияти вебгоҳ Фликр барои иштирокгузории акс, тасмим гирифтанд вебгоҳе барои иштирокгузории видео эҷод кунанд ва ба ҳамин манзур, дар апартаменти Чен дар Сан-Франсиско меҳмонии шом баргузор шуд ва дар ин бора баҳс карданд. Сармоягузории онҳо барои роҳандозии ин ширкат 11 500 000 доллар буд. Дафтари фаннии аввали YouTube болотар аз як ресторани питсафурӯшии ҷопонӣ дар Сан Матеои Калифорния буд. Саранҷом доманаи вебгоҳи YouTube дар таърихи 14 феврали 2005 фаъол шуд ва дар тӯлли чанд моҳ тавсеаи фаровоне ёфт.

Видеоҳои YouTube аввалин бор тавассути Ҷовид Карим, аз бунёнгузорони ин ширкат дар Боғи ҳайвоноти Сан-Диего дар 18 сония филмбардорӣ шуда, 23 апрели 2005 ба вебгоҳи YouTube ирсол шуд, ки ҳанӯз ҳам метавон онро тамошо кард.

YouTube умумӣ моҳи майи соли 2005, шаш моҳ қабл аз роҳандозии расмӣ дар ноябри 2005 ироа шуд. Ин вебгоҳ ба суръат рушд кард ва дар моҳи июли соли 2006 эълом шуд, ки ҳар рӯз дар YouTube беш аз 65 000 видео боргузорӣ мешавад ва 100 миллион бор мавриди боздид қарор мегирад. Бо таваҷҷуҳ ба омори ироашуда тавассути ширкати таҳқиқоти бозори comScore, YouTube беҳтарин вебгоҳи баиштирокгузории видео дар ИМА аст ва 43% мардуми ин кишвар, видеоҳои худро дар ин вебгоҳ боргузорӣ мекунанд ва дар моҳ майи соли 2010, 14 миллиард филм дар YouTube боргузори шудааст.

Машҳуртарин навори видеоии озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар YouTube

Навори видеоии Манижа Сангин ба суруди Russian Woman («Зани рус»), ки бо он Русияро дар 65-умин озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердами Нидерландия муаррифӣ хоҳад кард, дар шабакаи расмии ҳунарнамоӣ дар YouTube миёни 39 клипи иштирокчиёни намоиши соли 2021 аллакай беш аз 6,7 миллион тамошобин пайдо карда, дар байни онҳо машҳуртарин шудааст. Иштирокчии Русиягӣ тавонист аз пешсафи қаблӣ — гурӯҳи сербии Hurricane бо суруди Loco Loco пеш гузарад. Ҳоло навори ин дастаро зиёда аз 6,6 миллион истифодабаранда тамошо кардаанд. Қаблан рекордсмени мутлақи канали расмии “Евровидение” видеои гурӯҳи русии Little Big бо суруди Uno шуда буд ва даста мебоист кишвари худро дар намоиши соли 2020 муаррифӣ мекард. Озмун бо сабаби пандемияи коронавирус лағв шуд. Дар айни замон ин клипро тақрибан 195 миллион маротиба тамошо кардаанд.

Ҳақиқат

YouTube қариб, ки пурра ба китобхонаи Flask, забони барномасозии Python навишта шудааст. Аввалин видео дар Youtube — («Me at the zoo») яъне «Ман дар боғи ҳайвонот» дар боғи ҳайвоноти Сан-Диего аз ҷониби Ҷовид Карим, яке аз созандагони Youtube 10 ба навор гирифта шудааст. Дар YouTube пешвақт ба бозии «Мор» машғул шудан мумкин буд. Барои ин видеоро ба пауза гузошта, якбор тугмаҳои ↑→↓ зер кардан даркор буд. 21 декабри соли 2012 аввалинбор дар таърихи YouTube ва Интернет шумораи тамошобинони як видеоклип зиёда аз 1 миллиард нафар шуд. 31 майи соли 2014 бошад, зиёда аз 2 миллиард шуд. Видеоклипи овозхони Куриёи Ҷанубӣ Psy, суруди «Gangnam Style» аз рекордсмени пештара Ҷастин Бибер, суруди Baby гузашт. 13 январи соли 2022 видеоролик бо номи Baby Shark Dance аввалинбор дар таърихи Youtube 10 миллиард тамошобин гирифта аз ҷиҳати сертамошобинтарин видео рекорд нишон дод. Видеои аз ҳама бештар лайк гузошташуда дар Youtube — Luis Fonsi — Despacito (47 млн лайк) ба шумор меравад.11 октябри соли 2017 видеоклип бо суруди «Despacito» оҳангсози пуэрто-рика Луис Фонси бо иштироки овозхон Дэдди Янки дар байни ҳама видеоҳо аввалиншуда 4 миллиард тамошобин пайдо кард. Мувофиқи омори соли 2012 дар як дақиқа дар Youtube видеоҳо бо ҳаҷми 60 соата ворид мешаванд (марти соли 2010 — 24 соат, ноябри соли 2010 — 35 соат, майи соли 2011 — 48 соат), ва дар як рӯз — 86 400 соата видео ворид мекунанд.

Нигаред

Пайвандҳо

Эзоҳ

Шаблон:Видеохостинги YouTube Шаблон:Google Шаблон:Android

Tags:

Youtube ТаърихYoutube Машҳуртарин навори видеоии озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар YouTubeYoutube ҲақиқатYoutube НигаредYoutube ПайвандҳоYoutube ЭзоҳYoutubeGoogleАлифбои овонигории байналмилалӣВидеохостингЖаргонЗабони англисӣФейсбук

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонУқёнуси АтласХати мехӣДавлати ХоразмшоҳиёнКамолуддин БиноӣАпрелПуркунандаСутунмуҳраФирдавсӣГардиши моддаҳо дар табиатДонишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ПанҷакентУзвҳои таносули мардонаГватемала (шаҳр)РӯзноманигорӣТоҷикон (китоб)Забони ӯзбекӣЗабони арабӣҲуқуқвайронкунии маъмурӣВладимир ПутинНосири ХусравЛубнонДонишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ТоҷикистонБонкТарбияи ҷисмонӣОшобаЭмомалӣ НасриддинзодаКони ангишти ШӯробАбулвайс АзизовМаънои аслӣ ва маҷозии калимаҳоҲайзАломатҳои роҳЗардуштиёнЗарфи сабабМудофиаи гражданӣУстураЗабони инглисӣАлӣ ибни АбутолибШоҳаншоҳии АшконӣҚуръонАдадҳои ирратсионалӣУмари ХайёмИсаак НютонИттиҳоди АврупоАфсонаҶазои маъмурӣMicrosoft WindowsБПНМОлами ҳайвоноти ТоҷикистонИнформатикаНомҳои Худо дар исломНоҳияи ДарвозҲаракати МаздакияНамози идАлифбои русӣБофтаДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонМусоҳиба (мазмунҳо)Фарҳанги ТоҷикистонҲуқуқҳои инсонРӯзи истиқлоли Ҷумҳурии ТоҷикистонБензолҶопонХабар (дастури забон)СомониёнВавилон-МобайлБаҳорHTMLИдҳои ТоҷикистонПули миллӣҚасидаҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣЭволютсияИнсонСиёсат🡆 More