Таваррум

Таваррум — аз назари илмӣ иқтисод ба маънии афзоиш ба равия ва мудуми сатҳи қиматҳо арза ва тақозои куллӣ ҷомеаъ — фузуни тақозо бар арза аст.

Таваррум
Таваррум 2019

«Таваррум» ин мунтазам баландшавии сатҳи умумии нарх мебошад. Таваррум бо ёрии индексацияи нарх ҳисоб карда мешавад.

Ҷараёни таваррум ба инкишофи иқтисодиёт ва сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон додааст, ки таварруми мӯътадил ба тараққиёти иқтисодӣ ягон таъсири манфӣ намерасонад ва баръакс афзоиши миқдори пул дар муомилот ва болоравии дараҷаи нархи молҳо, боиси афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва маҷмӯи арза гашта, ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунанд. Аммо таварруми ҷаҳанда ва таварруми аз эътидол зиёд ба тараққиёти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд, ки ба оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳо ҳолатҳои зерин дохил мешаванд:

  • қобилияти худидоракунии механизми бозорӣ кам мешавад, зеро ки бо афзоиши таваррум ахбор барои сатҳи нархҳо ва ҷойгиршавии сармоя, ба истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагон намерасад ва камчинии ахбор ба вуҷуд меояд;
  • қобилияти харидории одамон кам мешавад, зеро ки бо таваррум даромади ҳақиқии аҳолӣ кам мешавад;
  • вазъи иҷтимоии одамоне, ки музди корашон муқаррар шудааст (хусусан коркунони соҳаи буҷет) бад мешавад, зеро ки бо таваррум истеъмолот ва пасандози онҳо низ кам мешавад;
  • дараҷаи фаъолияти соҳибкорӣ паст шуда, сармоя аз соҳаи истеҳсолот ба соҳаи тиҷорат ё ин ки ба хориҷи кишвар «мекӯчад»;
  • арзиши маблағҳои қарздодашуда ва пасандозҳо паст мешавад ва аз ҳамин ҷиҳат қарздиҳандагон ва пасандозкунандагон муфлис мешаванд;

таваррум ба беқурб шудани маблағҳои ҳамчун андоз ба буҷаҳо воридшуда оварда мерасонад, ки дар натиҷаи он низоми молиявӣ ба бӯҳрон дучор шуда, маблағгузории соҳаи иҷтимоиро низ кам мекунад. қобилияти харидории як воҳиди пул кам мешавад, ки дар натиҷа беқурбшавии пул ба вуҷуд меояд.

Оиди таъсири таваррум ба сатҳи иқтисодиёт дар назарияи иқтисодӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Аз ҷумла иқтисодчӣ Филлипс дар натиҷаи омӯхтани 100 солаи нишондиҳандаҳои Англия ба хулосае меояд, ки байни таваррум, музди кор ва дараҷаи нархҳо вобастагӣ вуҷуд дорад. Ба ақидаи ӯ давлат якуякбора таваррум ва дараҷаи бекориро паст карда наметавонад. Дар ҳолати паст кардани дараҷаи таваррум дараҷаи бекорӣ зиёд мешавад ва баръакс, дар ҳолати паст кардани дараҷаи бекорӣ дараҷаи беқурбшавии пул меафзояд. Ақидаи Филлипсро дар шакли графика чунин тасвир кардан мумкин аст:

Графикаи каҷхатаи Филлипс. Аз нигоҳ ба графика ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ҳолати мавҷуд будани 6-7 % дараҷаи бекории табиӣ дараҷаи таваррум ба сифр (намеафзояд) баробар аст. Агар давлат кӯшиши зиёд кардани музди корро пеш гирад, қобилияти харидории аҳолӣ зиёд шуда дараҷаи нархҳо баланд мегарданд ва дараҷаи таваррум меафзояд.

Эзоҳ

Tags:

Иқтисод

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Шартномаи меҳнатӣАритмияи дилSamsungИсмоилияЮНЕСКОВилям ШекспирЧеҳраҳои мондагор (китоб)Ибора (дастури забон)Ноҳияи ШомилПиряхҳои ТоҷикистонЧилучорчашмаАдабиёти бадеӣФарзонаНомҳои Худо дар исломНамакДонишгоҳи Калифорнияи ҶанубӣДушанбеБемориҳои гӯшМубтадоДавлатИттиҳоди ШӯравӣТаърихи ТабарӣМирсаид МиршакарҚоҳир РасулзодаАҳдВилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонСаидмурод ДавлатовКитоби МуқаддасҲафт муъҷизаи оламСилисийНосири БухороӣКӯлҳои ТоҷикистонОфтобАломатҳои роҳ дар ТоҷикистонҲокимияти сиёсӣСармояИқтисоди миллӣҶонишинҳои саволӣҲизби сиёсӣТабМарокашҚатарРӯзи парчами давлатии ТоҷикистонЧопгарФедерико РасикБофтаи эпителӣҲизби халқии демократии ТоҷикистонИроқБалғамОсиёМуҳиддин ХоҷазодИзатулло ҒаниевФеҳристи баландтарин қуллаҳои Замин20 сентябрЗарф (дастури забон)Захираҳои меҳнатӣҲуқуқи оилавӣ19 декабрДарсМастона ЭргашеваШоҳаншоҳии СосонӣДонишгоҳи славянии Русияву ТоҷикистонНоҳияҳои тобеи ҷумҳурӣФайласуфМеҳриниссо БобобековаБозори коғазҳои қиматнокЗабонХуросонАзон10 августНизомии ГанҷавӣАналгетикДевонДонишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон🡆 More