Грамм-Молекула

Грамм-молекула, мол — массаи моддаи сода ё мураккаби кимиёӣ, ки бо граммҳо ифода ёфта, ададан ба массаи молекулаи он мусовӣ аст.

Масалан, агар массаи молекулаи нитроген N2 ва кислотаи сулфат H2SO4 мувофиқан 28,0134 ва 98,078 бошад, пас грамм-молекулаи онҳо ба 28,0134 г ва 98,078 г баробар аст Адади молекулаҳо дар як грамм-молекулаи ҳар як модда якхела ва мусовӣ ба адади Авогадро, яъне 6,02252·1023 аст. Грамм-молекулаи ҳар як модда, ки дар ҳолати гази идеалӣ қарор дорад, дар шароити муътадил [0°С ва фишори 101325 н/м2 (760 мм сут. сим.)] тақр. ҳамон ҳаҷмеро ишғол мекунад, ки баробар ба 22,4 л (нигар Қонуни Авогадро) мебошад. Аз рӯи ин таносуб ҳаҷми ишғолкардаи ҳар миқдор газро муайян кардан мумкин аст, мас., 66 г CO2 (массаи молекулааш 44) баробари 1,5 грамм-молекула аст ва ҳамин тавр, дар шароити муътадил ҳаҷми 22,4 л·1,5=33,6 л-ро ишғол менамояд. Мафҳуми грамм-молекула (ҳамчунин килограмм-молекула, тонна-молекула) дар соҳаҳои кимиё, физика ва техника истифода мешавад.

Эзоҳ

Сарчашма

Tags:

🔥 Trending searches on Wiki Тоҷикӣ:

Калимаҳои туфайлӣУқобАёниятПуркунандаЗабони арабӣКитоби сурхи Ҷумҳурии ТоҷикистонИдеологияВараҷаҲафт муъҷизаи оламГули садбаргХонБандина (тиб)Саноати ТоҷикистонРубоиёти ХайёмДавлати ягонаБозор СобирНажодНизомномаЗардолуРаиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии ТоҷикистонҚобусномаСистемаи шошаю таносулАтмосфераи ЗаминҶадвали даврии унсурҳои кимиёӣОсиёи МарказӣДавлати СомониёнАфсонаҲизбҳои сиёсии ТоҷикистонВола, АбдулҳақШӯриши Маҳмуди ТоробӣДастури забонВарзиш дар ТоҷикистонХабар (дастури забон)Шабакаи компютерӣҲайзБандакҳои хабарӣМирзо ТурсунзодаЗебоишиносӣКалила ва ДимнаВазорати адлияи Ҷумҳурии ТоҷикистонИсоНамози идКумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонСиёсати хориҷии ТоҷикистонBTSАмрикои ҶанубӣҒазалСурхаконЗабонШаҳрҳои ТоҷикистонБаёнотҲикояҳои хурд-хурдТабЮнони БостонПарчами ТоҷикистонДавлати дунявӣМасеҳиятАкадемияи миллии илмҳои ТоҷикистонСайёраМанғитияСурайё ҚосимоваБемориҳои пӯстСоли 1888ОмӯзгорХилофати АрабАбдулҳамид СамадБофтаУқёнуси ОромМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонЮрий ГагаринТоҷиддин Ниёз СаидзодаБемории вабоВитамини DЭмомалӣ РаҳмонПечакҶонибеки МуродДонишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҷикистонСиғаҳои феъл🡆 More